Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден бо раҳбарони мухолифони Сурия мулоқт мекунад


Суханронии Ҷо Байден дар Мунихи Олмон

Суханронии Ҷо Байден дар Мунихи Олмон

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай дар ҳошияи конфронси амниятии Мунихи Олмон бо раҳбарони мухолифони Сурия мулоқот мекунад. Вай гуфт, Вашингтон ҳамчунон ҳимояти худ аз мухолифони Сурияро идома медиҳад ва Амрико барои амалиёти ғайриҷангӣ 50 миллион доллар ба онҳо кӯмак мекунад.

Вай ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки “рӯзҳои оянда душвортар хоҳад буд, вале мухолифони Сурия беш аз пеш қаввитар мешаванд”.

Ҷо Байден ин суханонро дар рӯзи дуввуми конфронси амниятии Муних изҳор дошт. Дар ин конфронс 400 дипломат ва мақомоти дифои кишварҳои Итииҳодияи Аврупо, Амрикову Русия ва кишварҳои дигар гирдиҳам омадаанд.
XS
SM
MD
LG