Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими санади узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба Тоҷикистон


Дар моҳи декабри соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дабири кулли СҶТ дар Женева ба қарордоди расмии узвияти Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Дар моҳи декабри соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва дабири кулли СҶТ дар Женева ба қарордоди расмии узвияти Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Тоҷикистон дуввуми марти соли ҷорӣ ба таври расмӣ узви 159-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳад шуд.

Созмони мазкур 1 феврал дар Женева санади узвият дар ин созмонро ба Салоҳиддин Насриддинов-сафири Тоҷикистон дар Женева тақдим кард.

Тибқи муқаррароти мавҷуда, баъд аз тақдими санади узвият, дақиқ баъд аз як моҳ узвияти кишвар дар ин созмон эътибор пайдо мекунад ва амалиёти тиҷоратии он кишвар дар ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи ин созмон оғоз меёбад.

Дар қарордоди расмии узвияти ин созмон 10-уми декабри соли 2012 раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Дабири кулли ин созмон дар Женев имзо гузоштанд. Ҳафтаи гузашта порламони Тоҷикистон ин қарордодро ба тасвиб расонд ва он 31-уми январ ба Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женева супурда шуд.

Дар мусоҳибае бо Салоҳиддин Насриддинов-сафири Тоҷикистон дар Женева аз вай пурсидам, то марҳилаи расидан ба имзои ин санад, Тоҷикистон барои даромадан ба узвият чӣ роҳеро тай кардааст?

Насриддинов: Дар ибтидои соли 2001 ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат санаде фиристод ва изҳор дошт, ки кишвари мо омода аст, ки ба ин созмон ворид шавад. Моҳи июли ҳамон сол Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир ба ин созмон пазируфта шуд. Ҳамон вақт як гурӯҳи корӣ созмон ёфт ва ба кор шуруъ кард. Тақрибан 12 сол ин гурӯҳи корӣ бо кишварҳои узв, ки бо мо хоҳиши музокира доштанд, музокира анҷом медод. Бо ин кишварҳо дар бораи узвияти кишвари мо протокол имзо шуд. Ин корро гурӯҳи корӣ 26 октябри соли гузашта ба итмом расонид ва дар охирин ҷаласае, ки 26 октябр дар Женева баргузор шуд, ҳамаи сандҳои мо қабул шуд ва созмон изҳор дошт, ки 10 декабр кишвари моро ба узвият қабул мекунад.

Озодӣ: Ҳоло, ки Тоҷикистон узви ин созмон мешавад, аз чӣ имтиёзҳо дар тиҷорати ҷаҳонӣ бархӯрдор хоҳад буд?

Салоҳиддин Насриддинов
Салоҳиддин Насриддинов
Насриддинов: Намояндагии мо дар Женева ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ҳамчун узви ин созмон дар ҳамаи ҷаласаҳо ширкат кунад. Дигар ин, ки роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ин ҷаласаҳо баррасӣ мешаванд, ҳайати мо мустақиман фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунад ва аз ҷойгоҳе, ки Тоҷикистон дар тиҷорати ҷаҳонӣ дорад, ҳимоят карда метавонад. Мо имконият пайдо мекунем, ки ҳар вақт бо намояндагони узви ин созмон ҳамчун узви баробарҳуқуқ мулоқотҳо барпо кунем, муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратиро бо ҳам баррасӣ намоем. Ин ба муносиботҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ба мо кӯмак мекунад.

Озодӣ: Аммо дар тиҷорати амалӣ чӣ тавр, масалан дар доду гирифти молу коло имтиёзҳо хоҳанд буд?

Насриддинов: Бале, ҳамаи он имтиёзҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ин созмон ҳаст, минбаъд кишвари мо ҳам аз он бархӯрдор хоҳад буд. Аз ҷумла, аз истеҳсолот гирифта то тиҷорат, қонунҳои ҳамлу нақли мол, гузарондани мол аз гумрук ва мисли онҳо. Ҳамаи он бо қонунҳои байналмиллалии ин созмон мутобиқ карда мешавад.

Озодӣ: Масалан, ҳангоми гузарондани молу колои Тоҷикистон аз гумрукҳои ин кишварҳо, барои Тоҷикистон сабукӣ дода мешавад?

Насриддинов: Сабукӣ албатта дода мешавад дар ҳар ҳолат, агар ҳуқуқи марбут ба тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо ягон кишваре, ки узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат нест, маҳдуд карда шавад, дар чунин шароит Созмони Ҷаҳонии тиҷорат метавонад ба мо кӯмак кунад. Мушкилиҳое, ки баъзе кишварҳои ғайриузв дар масъалаи ҳамлу нақли бор ба мо таҳмил мекунанд, акнун метавонад ба воситаи ин созмон ҳали худро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG