Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар оянда аз ҳарими ҳавоии Осиёи Марказӣ Русия ҳимоят мекунад?


Николай Бордюжа-Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфтааст, мумкин аст дар оянда ба системаи дифои зиддимушакии Русия ва Қазоқистон Қирғизистону Тоҷикистон низ ҳамроҳ шаванд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дифои зиддимушакии Русияву Беларус ва Русияву Арманистон ташкил шудааст ва дар оянда имкон дорад ҳамаи онҳо дар як система муттаҳид шаванд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки 30 январ дар Остона Русияву Қазоқистон дар бораи ташкили системаи дифои зиддимушакӣ созишномае имзо кардаанд.

Ин созишнома имкон медиҳад, ки амнияти ҳарими ҳавоии ин ду кишвар ва марзҳои ин ду кишварро ба таври муштарак ҳимоят кунанд.
XS
SM
MD
LG