Пайвандҳои дастрасӣ

Умеди Қирғизистон дар соли 2013 барои аломатгузории марз


Қурбонбой Искандаров-намояндаи вижаи Қирғизистон барои таъйини хатҳои марзӣ ва аломатгузории марзӣ гуфтааст, ки кишвараш умед дорад, то дар давоми соли 2013 хатҳои марзиаш бо Тоҷикистону Узбакистонро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.

Ба гуфтаи вай, бо Тоҷикистон дар минтақаҳои мушкилтарин бояд ин кор анҷом бигирад. Чунин минтақаҳо дар водии Фарғона вуҷуд доранд ва зичии аҳолӣ дар чунин ҷойҳо зиёд аст. Ба ин сабаб ин кор таваҷҷуҳи хосро тақозо мекунад.

Искандаров гуфтааст, дар ин бора бо Узбакистон музокирот соли 2000 оғоз шуда буд ва 60 дарсади хатҳои марзӣ дақиқ ва аломатгузорӣ шудааст. Бо Тоҷикистон ин кор 70 дарсад анҷом гирифтааст.

Искандаров мегӯяд, ҳамкорӣ дар ин бахш бо Тоҷикистон соддатар аст. Танҳо манотиқи кӯҳистонӣ бо ин кишвар аломатгузрӣ шудааст, вале дар водиҳо ин кор мушкил аст, зеро дар баъзе ҷойҳо хати марз мумкин аст аз миёни хонаҳо гузарад.
XS
SM
MD
LG