Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони Русия аз Иморот хостанд, Қувватовро ба Душанбе надиҳад


Раҳбарони мухолифини ҳукумати Русия, ба пуштибонӣ аз Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гурӯҳи 24", садо баланд карданд.

Панҷ раҳбари мухолифини Русия дар як изҳороти муштарак аз муассиси “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов ҳимоят карда, аз мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб хостаанд, ки ӯро ба Тоҷикистон надиҳанд.

Раҳбари Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ Гаррӣ Каспаров, раҳбари Иттиҳодияи “Русские” Александр Белов, узви раёсати ҳизби 5 декабр Денис Билунов, раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов ва вакили Думаи давлатии Русия Иля Пономарёв дар ин изҳорот навиштаанд, мақомоти Тоҷикистон Қувватовро яқинан ба далоили сиёсӣ таъқиб доранд ва ӯ дар сурати истирдодаш, дучори муҷозоти мудҳиш хоҳад шуд ва ҳаёту саломатиаш зери хатар хоҳад рафт.

Қувватов, як соҳибкори дар гузашта ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле наздик аст, ки соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод. Ӯ дар Тоҷикистон ба сирқати 6 миллион сомонӣ айбдор мешавад.

Қувватов рӯзи 23 декабри соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Қонунҳои Иморот истирдоди гумонбарон ба кишварҳоеро, ки хатари шиканҷа ё марги ӯ вуҷуд дорад, манъ мекунад ва аз ин рӯ, парвандаи Қувватов,ба ақидаи вакилаш Николаев, муҳокима хоҳад шуд.

Ӯ қабл аз тарки кишвар раҳбари ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” буд, ки ба гуфтаи тарафдорони Қувватов, ҳоло ба яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG