Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон, рӯзи ҷумъаи 1- уми феврал ба таври расмӣ аз мақоми вазири умури хориҷии Амрико рафт.

Ҷон Керрӣ дар кобинаи нави Барак Обама ҷойгузини хонум Клинтон шудааст.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, Ҳилларӣ Клинто чанд соат пеш аз канорагӣ аз мақомаш, дар номае ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз ҳимоятҳои вай ташаккур кард.

Ҳилларӣ Клинтони 65-сола, тайи чаҳор соле, ки масъулияти вазорати умури хориҷии Амрикоро ба ӯҳда дошт, аз 112 кишвар боздид карда буд.

Тибқи ин гузориш, Ҷон Керрӣ, соати чаҳори баъд аз зуҳри ҷумъа расман ба унвони шастуҳаштумин вазири умури хориҷии Амрико савганд ёд кард. Ҷон Керру ба хабарнигорон гуфт: «Бисёр ифтихормандам, ки савганд ёд мекунам ва хеле муштоқам, ки кори худро шуруъ кунам.»

Дар маросиме, ки дар вазорати умури хориҷии Амрико баргузор шуд, Ҳилларӣ Клинтон бо кормандон ва коркунони ин вазоратхона худоҳофизӣ намуд.

Хонум Клинтон дар ин маросим гуфт, «ман бо корҳое, ки анҷом додам, ифтихор мекунам. Албатта мо дар замони бисёр печида ва хатарноке зиндагӣ мекунем. Ҳамон тавре, ки дидем, дубора ҳамин имрӯз сафорати мо дар Анқара мавриди ҳамла қарор гирифт.»


Бо ин ҳол Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки акнун «хушбинтар» аз замоне аст, ки масъулияти вазорати умури хориҷии Амрикоро дар соли 2009 ба ӯҳда гирифт.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, дар ҳоле Ҳилларӣ Клинтон вазорати умури хориҷии Амрикоро тарк мекунад, ки аз амалкарди давлати Барак Обама дар бархӯрд бо масъалаи ҳамла ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ интиқод мекунанд.

Бо ин ҳол хонум Клинтон рӯзи панҷшанбе ба хабаргузориии Ассошиэйтед пресс гуфта буд, ки мунтақидон ба далелу ва аснод тавҷҷуҳ надоранд ва ҳозир ба пазириши воқеият нестанд.

Дар ҷараёни ҳамла ба консулгарии Амрико дар рӯзи 11-уми сентябри соли 2012, сафири Амрико ва се корманди дигари консулгарӣ кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG