Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар доираи омодагӣ ба Ҷоми АФК-2013 дар шаҳри Норак ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Қаҳрамони Тоҷикистон бар дастаи лигаи аввал - «Барқ»-и Норак бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд. Ду голи «Равшан»-ро бозигари нави даста Чарлз Тико, ки аз ССКА «Помир»-и Душанбе гузаштааст, ба ҳадаф расонд. Течи Соломон, Ҳикмат Расулов, Давронҷон Тухтасунов ва Нуъмонҷон Ҳакимов ба дарвозаи «Барқ» якголӣ заданд.

Дар бозии дувум «Равшан» тими ССКА «Помир»-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Ҳамаи чор голро легионерҳои африқоӣ аз Гана вориди дарвозаи низомиён карданд. Чарлз Тико ду гол, Течи Соломон ва Акуффо Гершон, ки пеш аз ин дар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тамрин мекард, ба самар расонданд. Голи ягонаи ССКА «Помир»-ро Фаррухи Муҳаббатшо зад.

Ба иттилои Маъруф Рустамов, сармураббии тими «Равшан», дар давраи омодагии зимистона ба мавсими нави футбол ҳайати даста аз ҳисоби Давронҷон Тухтасунов (собиқ бозигари «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), Чарлз Тико (ССКА «Помир»), Сайриддин Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), ҳамчунин легионер Акуффо Гершон (Гана) пурра гардид. Ба даста, инчунин, дарвозабон Неъмат Тошев, ҳимоятгар Эраҷ Холов ва нимҳимоятгар Зокир Абдулхайров баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG