Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайрикиён: Ҳамла ба ман изи хориҷӣ дорад


Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён низ аз рақибаш дар бемористон аёдат кард
Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён низ аз рақибаш дар бемористон аёдат кард

Номзади тирхӯрда ба интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон мегӯяд, ба ҷони ӯ хадамоти махфии як кишвари хориҷӣ қасд кардааст.

Номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон Паруйр Ҳайрикиён, ки рӯзи панҷшанбе аз ноҳияи пушташ тир хӯрд, мегӯяд, ба гумони ӯ, дар пушти ин сӯъиқасд хадамоти махфии як “кишвари собиқ” истодааст.

Ҳайрикиён, ки дар бемористони Ереван табобат мегирад, дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфт, ин хадамот, ки ӯ аз ифшои номаш боз ҳам худдорӣ кард, чандин сол боз варо таъқиб мекард: “Дар мавриди гумонҳо, ман бояд ба таври кушод ба шумо бигӯям, ки гумон мекунам, хадамоти махфии як кишвари хориҷиест, ки солҳо боз маро таъқиб мекард. На аз ин давлати Русия, балки аз як кишвари дигари собиқ.”

Ҳайрикиён аммо дар мавриди ин баёнияаш ҷузъиёт надод. Ӯ дар даврони Шӯравӣ бо ҷурми узвият дар созмони сиёсии пинҳонкор ва таълифи “самиздат” (адабиёти мамнӯъ) дар маҷмӯъ 11 солро дар зиндонҳо ва 3 соли дигарро дар бадарға ба сар бурдааст.

Паруйр Ҳайрикиён ҳамчунин гуфт, шояд тибқи муқаррароти Қонуни асосӣ, то 2 ҳафта ба таъхир андохтани интихоботи рӯзи 18 феврали раёсатҷумҳурии Арманистонро дархост кунад. Қонуни асосии ин кишвари Қафқоз дар сурати нотавонии номзад барои ширкат дар корзор ба далоиле ки аз ӯ вобаста нест, ду ҳафта ба таъхир андохтани интихоботро иҷозат медиҳад. Ва агар иллати таъхир дар ин ду ҳафта рафъ нашавад, раъйгирӣ метавонад то 40 рӯзи дигар ба таъхир биояд.

Ҳайрикиёни 63-сола шаби панҷшанбе дар назди манзилаш дар Ереван ҳадафи тир қарор гирифт. Пулис ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ин силоҳбадасти ношинос муваффақ нашудааст. Ҳайрикиён раиси ҳизби Иттиҳоди худшиносии миллӣ яке аз 8 номзад дар интихоботи рӯзи 18 феврал аст, ки интизор меравад, бо пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Арманистон Серж Саркисиён анҷом шавад. Ҳайрикиёнро рақиби билқуввае дар ин корзор намешиносанд.


Тигрон Саркисиён дар сари болини Ҳайрикиён
Тигрон Саркисиён дар сари болини Ҳайрикиён
Сарвазири Арманистон Тигрон Саркисиён ҳамла ба номзадро ҳамчун зарба алайҳи давлат маҳкум кард. Саркисиён яке аз раҳбарони сиёсии Арманистон буд, ки Ҳайрикиёнро дар бемористон аёдат кард. Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён низ аз рақибаш дар бемористон аёдат кард

Дар Вошингтон, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд низ сӯъиқасд ба ҷони сиёсатмадори арманиро башиддат маҳкум кард ва гуфт: “Албатта, мо ин хушунатро маҳкум мекунем... Пулиси Арманистон ҷиҳати таҳқиқи комил тааҳҳуд кардааст.”

Чунин хушунатҳо барои интихоботҳои раёсатҷумҳурии Арманистон бегона нест. Дар соли 2008 дар даргириҳои пулис бо эътирозгарон дар пайи эълони пирӯзии Серж Саркисиён 10 тан кушта шуданд.

Интихоботи имсола дар ҳоле фаро мерасад, ки иқтисоди Арманистон захмҳои буҳрони ҷаҳонии молиро табобат мекунад. Ин кишвар ҳамчунин аз муҳосираи тиҷорие, ки ҳамсояҳояш – Озарбойҷону Туркия- аз замони ҷанги солҳои 90-и Озарбойҷону Арманистон бар сари вилояти Қаробоғи кӯҳӣ эъмол кардаанд, ранҷ мекашад.
XS
SM
MD
LG