Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон як гурӯҳи чапгароро масъули ҳамла номид


Маҳалли таркиш

Маҳалли таркиш

Ҳамлаи маргталабонаи рӯзи ҷумъа ба сафорати Амрико дар пойтахти Туркия мунҷар ба ҳалокати як муҳофизи турк ва худи ҳамлагар шуд. Вазири дохилаи Туркия Муаммар Гулер гуфт: “Муҳофиз Мустафо Оқосу, соли таваллудаш 1966 ва бомбгузори маргталаб, ки мо талош дорем ҳуввияташро маълум кунем, ҷон бохтанд. Ва як зан, Дидем Тунчай, соли таваллудаш 1974, ҷиддан захмӣ шудааст.” Мақомоти Амрикову Туркия ҳамларо “террористӣ” номиданд. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, мақомоти амрикоӣ бо мақомоти турк дар таҳқиқи ин ҳамла ҳамкорӣ мекунанд. Касе то ҳол масъулияти ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст, вале сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ҳамлаи маргталабона дар Анкара кори як узви Ҷабҳаи инқилобии озодии мардум буд. Ин гурӯҳи тундрави чапгаро аз солҳои 70 ба ин сӯ масъулияти чандин ҳамлаи хунинро ба дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG