Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайрикиён сӯъиқасд ба ҷонашро кори хориҷиҳо хонд


Паруйр Ҳайрикиён
Паруйр Ҳайрикиён
Номзад ба президентии Арманистон Паруйр Ҳайрикиён, ки дар як сӯъиқасди рӯзи панҷшанбе захми сабук бардошт, бидуни бурдани ном гуфт, ба гумони ӯ, дар пушти ин ҳамла “хадамоти махфии кишвари хориҷие” истодааст. Ҳайрикиён, ки дар бемористони Ереван табобат мегирад, дар мусоҳиба бо Озодӣ гуфт, ин хадамот ӯро “чанд сол боз” таъқиб мекард, вале на аз Русия, балки аз яке аз кишварҳои Шӯравии собиқ аст.” Ӯ афзуд, шояд тибқи Қонуни асосӣ, то 2 ҳафта ба таъхир андохтани интихоботи рӯзи 18 феврали раёсатҷумҳурии Арманистонро тақозо кунад. Ин раҳбари 63-солаи ҳизби Иттиҳоди худшиносии миллӣ яке аз 8 номзад дар интихоботест, ки зоҳиран бо пирӯзии раисиҷумҳури кунунӣ Серж Саркисиён анҷом хоҳад ёфт.Амрико сӯъиқасд ба ҷони Ҳайрикиёнро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG