Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози сунниҳои Ироқ алайҳи давлати Моликӣ


Ҳазорон суннӣ дар Ироқ бори дигар ба нишони норозигӣ аз ҳукумати сарвазири шиъа Нурӣ Моликӣ раҳпаймоӣ карданд. Эътирозҳо рӯзи ҷумъа дар Фаллуҷаву Рамодӣ сурат гирифта, издиҳом шоҳроҳҳои асосии ғарби Ироқро бастанд. Ҳафтаи гузашта дар даргириҳо дар Фаллуҷа ду сарбоз ва 5 эътирозгар кушта шуданд. Эътирозҳо дар чанд ҳафтаи охир манотиқи умдатан суннинишинро фаро гирифтааст. Онҳо мегӯянд, давлати Моликӣ ақалияти сунниро таъқиб мекунад. Талаби эътирозгарон раҳоии маҳбусон ва ислоҳи қонунҳои зидди террор аст. Моликӣ ба нишони гузашт садҳо маҳбусро озод кард. Як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида бо номи Давлати исломии Ироқ аз сунниҳо даъват кард, то барои эҳёи “шараф ва озодӣ” ба даст силоҳ бигиранд.
XS
SM
MD
LG