Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи нави эътирозҳо дар Миср


Тазоҳурот дар майдони Таҳрири Қоҳира
Тазоҳурот дар майдони Таҳрири Қоҳира
Нирӯҳои амниятии Миср рӯзи ҷумъа барои пароканда кардани тазоҳургароне, ки ба қасри раёсати ин ҷумҳурӣ дар Қоҳира сангу “коктейли Молотов” меандохтанд, аз лӯлаҳои об кор бурда, ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Рӯзи ҷумъа ҳазорон мисрӣ ба нишони эътироз ба раисиҷумҳури исломгаро Муҳаммад Мурсӣ дар чандин шаҳр ба кӯчаҳо рехтанд. Ин эътирозҳо дар пайи як ҳафтаи ошӯбҳоест, ки ба дунболи эълони ҳукми қатли 21 мухлиси футбол дар Порт-Саид шурӯъ шуда, 56 кушта ба ҷо гузошт. Бузургтарин раҳпаймоӣ дар Порт-Саид доир шуд, ки дар он ҳазорон нафар интиқоми хуни қурбониёнро талаб карданд. Бархе тазоҳургарон бо шиори “Истеъфо!” барканории Мурсиро мехостанд.
XS
SM
MD
LG