Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як тоҷик дар сохтмонҳои Русия


Як тоҷик аз қабати ҳаштуми сохтмони наве дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия афтода, ҳалок шудааст. Ин фалокат дар кӯчаи Октябрская, дар маҳалли сохтмони маҷтамаъи манзилии “Ласточкино гнездо” рух додааст. Пулис мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба ташхиси ҳуввияти мардикори ҳалокшуда машғул аст. Ҳамасола то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Соли гузашта аз хориҷ ба ватан ҷанозаи 1157 муҳоҷири тоҷикро овардаанд.
XS
SM
MD
LG