Пайвандҳои дастрасӣ

Муомила бо Гулнора сари мудири TeliaSonera-ро "хӯрд"


Ларс Нюберг

Ларс Нюберг

Мудиромили TeliaSonera дар пайи таҳқиқи мустақили муомилаҳои тиҷории ин ширкати мухобиротии шведӣ бо шарикаш дар Узбакистон истеъфо дод.

Ларс Нюберг рӯзи ҷумъа дар як изҳорот гуфт, бозрасӣ нишон дод, ки ширкати ӯ натавонист тафтиши муносиби пасмазар ва собиқаву амалкарди ҳамкораш дар Узбакистон – ширкати Takilant-ро таъмин кунад. Бовар меравад, ки Takilant ба Гулнора Каримова –духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов рабт дорад.

Аммо таҳқиқи анҷомшуда гумонҳои мавҷуда дар ин бораро ки TeliaSonera барои оғози тиҷораташ дар Узбакистон ришва додааст, радд мекунад. Иттиҳоми ришвадиҳӣ ва шустушӯи пул алайҳи TeliaSonera моҳи сентябри соли 2012 дар пайи нашри як гузориши таҳқиқотии телевизиони шведии Sveriges(SVT) рӯ зад. Takilant дар соли 2007 дар пайи имзои як қарордоди 350-миллиондолларӣ, ки харидории муҷаввизи шабакаи мобилии 3G дар ин кишварро низ дар бар мегирифт, ба TeliaSonera барои вуруд ба бозори Узбакистон кумак карда буд.

Андерс Нарвингер, раиси шӯрои TeliaSonera рӯзи 1 феврал дар нишасти хабариаш дар Стокҳолм пиромуни далоили истеъфои мудири кулли ин ширкат чунин гуфт: "Вақте ин қарор гирифта шуд, ман сари кор набудам, вале медонам, ки тамаркуз рӯи паҳлуҳои қонунист. Таҳқиқ сурат гирифта буд, ки оё ин шарик то куҷо қонунманд буд ва оё ин амвол ба онҳо тааллуқ дошт ё на? Ба назари ман, як паҳлуи ҷиддии иттиҳомот ин аст, ки дар бораи шарике ки TeliaSonera барои шурӯъи кораш дар Узбакистон интихоб карда буд, бояд маълумоти бештар ҷамъоварӣ мешуд.”

Андрес Нарвингер гуфт, фаъолиятҳои
дар Узбакистон идома хоҳад кард. Вале ӯ афзуд, ки ширкаташ дониста пой ба чунин роҳи вуруд ба бозори Узбакистон нагузошта буд: "Ман ба ин назар мувофиқ нестам, ки ин ҳама бо чашми баста ва ҳадафмандона сурат гирифта бошад, вале аз тарафи дигар, комилан рӯшан аст, ки (TeliaSonera) мебоист инро бештар меомӯхт.”

Аммо Гунар Стетлер – раҳбари бахши мубориза бо фасоди додситонии кулли Шветсия рӯзи 1 феврал ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо далоили кофӣ доранд, ки ин аъмол ҷиноят эътироф шавад: “Далоили шайъӣ дар ин парванда ба қадри кофӣ вуҷуд дорад, то бовар кунем, ки ҷиноят содир шудааст.”

Ин дар ҳолест ки дар авоили январ додситонҳои Шветсия аснодеро нашр карданд, ки аз равобити зичи ширкати TeliaSonera бо Гулнора Каримова дарак медиҳанд. Ин аснод аз ҷумла мукотибаи ширкат аз соли 2007-ро дар бар мегирифт ва дар он дар бораи кушодани “чанд канал”-и тамос бо доираҳои ҳоким, аз ҷумла “мулоқоти имконпазир бо духтари рақами яки Каримов – Гулнора Каримова – ва ҳамкорони ӯ дар бахши мухобирот ба ҳамин зудӣ” сӯҳбат мешуд.

Эмейли навиштаи Серкан Элдер – мудири Fintur Holdings – як ширкати марбут ба TeliaSonera ҳамчунин ҳушдор медод, ки то замоне ки “мо бо тими Каримова дар мавриди интихоби шарики маҳаллии мо ва тарзи идораи он ба як ҳусни тафоҳум даст наёбем”, набояд ба мулоқоти вазири мухобироти Узбакистон Аҳмадуллоҳ Орипов рафт.


Гулнора Каримова

Гулнора Каримова

Гулнора Каримова, ки дар 10 соли охир чанд курсии дипломатиро иваз кард, дар соли 2007 мушовири вазири хориҷаи Узбакистон буд ва дар асл ҳаққи дахолат дар музокироти сармоягузориҳои бузургро надошт. Вале духтари президент, ки дар мукотибаҳои дипломатӣ як “барони қарақчӣ” номаш мебаранд, кайҳост, “пуловар”-и хонаводаи Каримов аз ҳисоби “ларзондан”-и тоҷирони маҳалливу хориҷӣ дониста мешавад. Ҷамъи дороиҳои Каримовҳоро миллиардҳо доллар мешуморанд.

Номаи Серкан Элдер аз 13 ширкате ном мебарад, ки гӯё дар он замон пурра ё қисман ба Гулнора Каримова тааллуқ доштанд. Аз ҷумла чанд ширкати мухобиротӣ, бо шумули Уздунробита ҳам ёд шудааст, ки баъдан ба ширкати русии МТС фурӯхта шуд ва ҳукми додгоҳи Тошканд ба мусодираи амволи МТС дар соли 2012 хеле сару садо ҳам кард.

Як нуктаи ҷолиб, ки табиати соҳибкорӣ дар Узбакистонро ошкор мекунад, ҳамчун миёнҷӣ хидмат кардани раҳбари Уздунробита Беҳзод Аҳмадов байни Каримова ва рақиби ояндааш - TeliaSonera аст. Аҳмадов, ки дар пайи ҷанҷоли МТС тарки Узбакистон кард, баъди бозгашт ба фасод айбдор шуд ва сарнавишташ дигар маълум нест. Аҳмадов танҳо яке аз 4 гумонбар дар парвандаҳои шустушӯи пул аст, ки дар Шветсияву Швейтсария таҳқиқ мешаванд ва дар бонкҳои Женева беш аз 600 миллион доллари ӯро мунҷамид кардаанд.

Додситонҳои Шветсия дар аввали январ аз додгоҳ мусодираи 1,5 миллиард крони шведӣ(230 миллион доллар)-еро хостанд, ки ба ширкати гибралтарии Takilant пардохт шудааст. Вуруди TeliaSonera ба бозори Узбакистон дар соли тавассути ҳамин ширкати он замон зери раёсати Гаяне Авакиён – як шарики хеле ҷавони Гулнора Каримова - сурат гирифта буд. Ӯ ҳам акнун яке аз гумонбарон дар парвандаи шустушӯи пул аст. Аммо худи Гулнора Каримова то ҳол иттиҳомот дар бораи муомилаҳояш бо TeliaSonera-ро шарҳ надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG