Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Универсиадаи Қазон-2013


Варзишгарони тоҷик дар бузургтарин мусобиқоти имсола - Универсиадаи ҷаҳонӣ ё Олимпиадаи донишҷӯён ширкат хоҳанд кард.

Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ аз 6-ум то 17-уми июл дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон бо ширкати 10 ҳазор варзишгар аз 170 кишвар баргузор хоҳад шуд.

Варзишгарони донишҷӯ дар Универсиадаи ҷаҳонӣ аз рӯи 27 навъи варзиш барои 351 маҷмӯи медалҳо рақобат хоҳанд кард.

Саидраҳмон Раҳмонов, корманди масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “варзишгарони тоҷик дар Универсиада дар 15 навъи варзиш, ба мисли бокс, гуштии озод, гуштии камарбандӣ, гуштии юнониву румӣ, самбо, дзюдо, варзиши сабук ва ғайра ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи кишвар, Кумитаи миллии олимпӣ ва Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯ барои омодагии хуби варзишгарони мо ба Универсиада тадбирҳо андешидаанд. Барои муайян кардани аъзои дастаи мунтахаби кишвар пеш аз Универсиада Бозиҳои варзишии ҷавонони донишҷӯ баргузор мешавад. Умедворем, ки дар Универсиадаи Қазон варзишгарони тоҷик ба натиҷаҳои дилхоҳ мушарраф мешаванд.”

Ба гуфтаи оқои Раҳмонов паҳлавонони маъруфи кишвар, ба монанди Акмалиддин Каримов, Набимуҳаммад Хоркашев (ҳарду дар риштаи самбо), Искандари Рустам ва Баҳодур Қодиров (ҳарду дар риштаи гуштии озод), варзишгари машҳур Анвар Юнусов (дар риштаи бокс) ва дигарон, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд ба даст оварданд, бидуни озмун ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG