Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёни беш аз суди лампаҳои каммасраф?


Экологҳои Тоҷикистон аз мавридҳои ба партовгоҳои маишӣ партофта шудани лампа ё фурӯзонакҳои камасраф ҳушдор медиҳанд.

Ба гуфтаи экологҳо, лампаҳои камасраф дар дохили худ як миқдор симоб дорад ва дар сурати ба партовгоҳ оддӣ партофта шудан ва шикастан, симоб бухор шуда ба саломатии одамон таҳдид мекунад, зеро ин бухор дорои ангезандаҳои саратон аст.

Умед Улуғов, роҳбари созмони экологии «Ҷавонони асри 21», рӯзи 1-уми феврал дар сӯҳбат ба РО гуфт, пажӯҳишҳои гузарондаи онҳо муайян кардааст, ки аксарияти фурӯзонакҳои камасраф дар бозорҳои Тоҷикистон, ки истеҳсоли Чин мебошанд, ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ нестанд: «Миқдори бухори симоб дар лампаҳои каммасрафӣ чинӣ аз меъёр зиёд аст ва бар замми ин ин лампаҳо зуд корношоям мешаванд. Бо ин вуҷуд, аз ин лампаҳо кӯдакон истифда мекунанд ва боз худи наврасон ин лампаҳои аз кор баромадаро ба партовгоҳ мепартоянд, ки ба назари мо ғайри қобили қабул аст.»

Ҷаноби Улуғов афзуд, ки ҳарчанд як сол қабл бо мусоидати САҲА ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист тартиби коркарди партовҳои симобдошта қарори марбути Ҳукумати Тоҷикистон ва қоидаҳои истифодаи асбобҳои симобдор қабул шуд, вале он кам риоя карда мешавад.

Улуғов афзуд, охиран Ҳукумати шаҳри Душанбе барои партовгоҳи зуболаҳои сахти маишӣ як таҷҳизот харидорӣ кард, ки асбобҳои симобдоро безарар мекунад: «Ин таҷҳизоти наве, ки харидорӣ шудааст, асбобҳо ва лампаҳои камасрафи симобдори барқиро безарар мекунанд. Ин асбоб қодир аст, ки дар як шабонарӯз то 3 ҳазор лампаҳоро безарар гардонад.»

Ба гуфтаи Улуғов, мувофиқи қарори Ҳукумат, намояндагони ҳокимияти ҳар як маҳалли кишвар муваззафанд лампаҳои камасрафи корношоямро аз мардум бигиранд, вале мутаассифона, мардум дар ин маврид маълумоти кам доранд.

Дар ҳамин ҳол хабар мерасад, ки чанде қабл, дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе нуқтаҳои қабули лампаҳои корношоямшудаи каммасраф боз шудаанд. Ҳамчунин субҳи имрӯз Саидризо Шоев, корманди бахши вилоятии Ширкати барқи тоҷик дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба "Озодӣ" гуфт, ки онҳо аз тариқи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба аҳолии вилояти Хатлон муроҷиат кардаанд, ки лампаҳои каммасрафе, ки месӯзанд ва ё корношоям мешаванд, ба партовгоҳҳо напартоянд ва ба Шуъбаҳои минтақавии таъмини барқ супоранд.

Вале бо ин вуҷуд, миқдори хеле ками одамон лампаҳоро ба нуқтаҳои махсус меоранд. Ба гуфтаи Шоев, тайи ду ҳафтаи ахир ҳамагӣ чаҳор ҳазор дона лампаи симобдори корношоям ба нуқтаҳои таъмини барқи Қурғонтеппа супорида шудааст, ки ин ниҳоят кам аст.

Дар ҳамин ҳол, Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар суҳбат ба РО гуфт ҷамъоварии лампаҳои корношоям вазифаи ин ширкат нест: «Вазифаи ширкати «Барқи тоҷик» танҳо истеҳсол ва таъмин намудани аҳолӣ бо барқ аст. Мо аҳолиро танҳо бо барқ тамин мекунем на бо лампаҳо.»

Зимнан бархе аз роҳбарони шӯъбаҳои фурӯши барқ дар ноҳияҳои кишвар дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон ба мо гуфтанд, ки мақомоти маҳаллӣ масъулияти худро дар ҷамъовари лампаҳои корношоями камасраф бар дӯши аҳолӣ гузоштаанд.

Аммо сӯҳбатҳои сарироҳии мо бо сокинони кишвар нишон дод, ки аксарияти сокинон аз мавҷудияти нуқтаҳои қабули лампаҳои азкормонда хабар надоранд.
Зӯҳро Солиева, яке аз сокинони хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо мо дар ин маврид гуфт: «Лампочкаҳои камасраф намехарем дигар. Ба чашмонамон зарар кард. Ҳамчунин ин лампаҳои каммасраф тез месӯзад, вале барои тафтиши нозири барқ чанд тояшро лоилоҷ мондем. Лекин агар сӯзад, онро дар партовгоҳи назди хона ҳамроҳи дигар ашёи нолозим мепартоем, дигар куҷо барем?»

Хонум Солиева афзуд, ки нархи лампочкаҳои каммасраф аз чароғҳои ба истилоҳ «иличӣ» ду-се маротиба гарон асту тез аз кор мебароянд. Бино бар ин, буҷаи оила аз насби лампаҳои камасраф на фоида, балки зарар мебинад.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони соҳаи беҳдошти Тоҷикистон бунёди як корхонаи коркарди лампаҳои каммасрафи корношоямро дар ҷануби кишвар, роҳи ҳалли масъала арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG