Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик изҳороти низомиёни амрикоӣ дар мавриди интиқоли маводи мухаддир аз сӯи ширкатии «Ком Эйр»-и афғонӣ ба Тоҷикистонро, «тааҷҷубовар» хонданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як иттилоия, ки рӯзи душанбе дар торнамои худ ба нашр расонид, ин изҳороти низомиёни амрикоиро аз воқеият дур номидааст.

Тибқи ин иттилоия, ширкати "Ком Эйр" аз соли 2007 ин ҷониб ҳафтае як маротиба дар хатсайри Кобул – Душанбе – Кобул парвоз мекунад ва тайи ин солҳо ягон ҳолати интиқоли мухаддир тавассути ин ширкат сабт нашудааст ва фурудгоҳи Душанбе онро мутобиқи меъёрҳои байналмилӣ ва ба таври ҷиддӣ, аз назар мегузаронад.

Аз ин қабл, мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ тайи як эъломия, ин изҳороти низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистонро, бепоя хонда буданд.

Дар ду ҳафтаи қабл нашрияи амрикоии Wall Street Journal ба нақл аз низомиёни Амрико навишта буд, ки маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи ширкати ҳавоии “Ком Эйр” ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Ҳамзамон бо нашри ин гузориш, ҳукумати Амрико ин ширкати ҳавоиро дар рӯйхати сиёҳи он кишвар дохил кард.

Ҳукумати Афғонистон ҳам баъди нашри ин гузориш аз Амрико хостааст, далелҳои даст доштани ширкати афғонии “Ком Эйр” дар қочоқи мухаддирот ба Тоҷикистонро ироа намояд. Худи «Ком Эйр» низ, ки аввалин ширкати хусусии ҳавонавардӣ дар Афғонистон аст, айбномаро рад мекунад.

Муассис ва раҳбари «Ком Эйр», Замарай Комгор дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи амрикоии Вол Стрит Ҷорнел (The Wall Street Journal) гуфтааст, интиқоли
маводи мухаддир ба хориҷи кишвар имкон надорад, зеро ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои афғонӣ аз тафтиши амниятӣ мегузаранд. Комгор бар ин назар аст, ки гурӯҳҳои рақиб бар зидди ширкати ӯ дасиса ташкил кардаанд.

“Ин як иттиҳоми беасос ва ғайриқобили бовар аст, ки тавҳин барои ниҳодҳои амниятии Афғонистон ва гурӯҳҳои амниятии англисии “Globall”, “All Life Group” ва ҳамчунон тавҳин ба кишвари дӯсти мо - Тоҷикистон аст. Мо ҳар ниҳодеро, ки чунин иттиҳомот пеш овардааст, ба додгоҳ кашида, аз роҳи қонуни ҷуброни хасороти моливу маънавиро хоҳем кард.” - гуфтааст, раиси ширкати "Ком Эйр".

Аммо Бунафша Одинаева, масъули Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бар ин аст, ки ин иттиҳомоти беасос ба нафузи байналмилалии Тоҷикистон ва худи ширкат таъсире нахоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG