Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати адлия: «Омӯзиши асноди ҲДТ идома дорад»


Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки омӯзиши асноди пешниҳодкардаи ҲДТ барои сабти ном, ҳанӯз идома дорад.

Қурбоналӣ Бобоев, сардори Раёсати сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон имрӯз, ҷумъаи 1-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи 31-уми январ муҳлати санҷиши санадҳои Ҳизби демократӣ ба охир расид, вале ҳанӯз мутахассисони ин ниҳод, санҷиши санадҳоро ба охир нарасонидаанд.

Саидҷаъфар Исмонов, ки ахиран раҳбари ҲДТ интихоб шуд, қаблан дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфта буд, санадҳои лозимаи ҳизбро барои сабти ном рӯзи 31-уми декабри соли 2012 ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Ӯ изҳор дошта буд, ки муддати як моҳ Вазорати адлия санадҳои пешниҳодкардаи ин ҳизбро мавриди омӯзиш қарор дода, тасмими ниҳоии худро эълон хоҳад кард.

Аммо Қурбоналӣ Бобоев, сардори Раёсати сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки дар санадҳои пешниҳодии ҷаноби Исмонов, шумораи аъзои ҳизб 2000 нафар нишон дода шудааст ва бояд вазорат маълум кунад, ки онҳо дар ҳақиқат узви ҳизб ҳастанд ё тарафдори он.

Ҷаноби Бобоев афзуд, пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи санадҳои пешниҳодӣ, Вазорати адлия тасмим мегирад, ки оё зарурати дубораи сабти расмии ҲДТ вуҷуд дорад ё на, ва бар асоси он натиҷаи санҷишро расман эълон хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта кормандони вазорати адлия дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чанд нафар, ки ҲДТ дар феҳраст нишон додааст, ҳамсуҳбат шудаанд. Вазорати адлия мегӯяд, ки онҳо аз рӯи феҳраст бо ҳама суҳбат нахоҳанд, кард балки дар ҳар ноҳия як ё ду нафарро мавриди санҷиш қарор хоҳанд дод.

Саидҷаъфар Исмонов дар робита ба таъхири Вазорати адлия дар мавриди сабти номи ҳизби демократӣ гуфт, ки ин як раванди маъмулӣ аст ва онҳо интизор мешаванд, то замоне, ки ин ниҳод ба таври комил санадҳои пешинҳоднамудаи онҳоро баррасӣ намояд.

Ҷаноби Исмонов афзуд, ки онҳо феҳрасти тарафдоронашонро аз 48 шаҳру навоҳии кишвар пешниҳод кардаанд ва тайғиру илова ба Оинномаро зарур мешуморанд. Саидҷаъфар Исмонова мегӯяд, ки вақте Оинномаи ҳизб тағйир дода мешавад, ҳизб низ бояд аз нав номнавис шавад.

Дар моҳи декабри соли гузашта Анҷумани 11-уми ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси раиси нави ин ҳизб интихоб кард.
Ин анҷуман бо иштироки 86 нафар вакил аз ҳавзаҳои минтақавии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе рӯзи 23-уми декабр баргузор шуд.

Дар ин анҷуман, ки онро кумитаи тадорукоти Ҳизби демократи Тоҷикистон даъват кард, танҳо ду масъала -- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ва интихоби раиси нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вакилон сараввал ба Оинномаи ҳизб чанд тағйир ворид карданд, ки ҳамакнун раиси ин ҳизб ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад

Раиси расмии Ҳизби демократи Тоҷикистон Масъуд Собиров даъвати ин анҷуман ва қарорҳои қабулкардаи онро ғайриқонунӣ мехонад. Ҷаноби Собиров ворид намудани тағирот ба оиномаи ҳизбро нозарур ва як амали ғайри қоунунӣ медонад, вай мегӯяд, ки барои сабти сабти дубораи ҳизб асосе намебинад, дар ҳоле ки раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон фаъол аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG