Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Гуфтугӯ аз тариқи "Skype" дигар амн нест


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мутахассисон мегӯянд, замоне, ки гуфтугӯ аз тариқи Skype амн буд, бебозгашт гузаштааст.

Дигарандешон аз он шиква доранд, ки мақомоти амниятӣ гуфтугӯҳои онҳоро аз тариқи телефони манзил ё телефони ҳамроҳ гӯш мекунанд. Гӯш додан ва сабт кардани гуфтугӯҳои шаҳрвандон аз сӯи мақомоти ҳукуматӣ ба як амри маъмулӣ табдил шудааст, ба вижа агар ширкати таъминкунандаи хадамоти телефонӣ аз сӯи худи давлат идора шавад. Ва аммо гуфтугӯ аз тариқи телефонҳои интернетӣ, ки чун мухобираи амн арзёбӣ мешавад, то куҷо воқеъан ҳам амн аст?

Грегуар Пуже, коршиноси масоили амнияти рақамӣ ва зиндагии хусусӣ дар созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, мақараш дар Порис, мегӯяд, ки шояд ибтидо ин тарзи мухобира воқеъан ҳам амну безарар буд. Аммо ҳоло, ба гуфтаи ӯ, аз афроди боздоштшуда зиёд мешунаванд, ки муфаттишон сабти гуфтугӯҳои онҳо аз тариқи интернетро чун далел ба парванда ҳамроҳ мекунанд. Грегуар меафзояд, “дар Белорус ва Русия хабарнигорон ба мо гуфтанд, ки онҳо барои гуфтугӯ аз тариқи Skype боздошт шудаанд"

Skype – бузургтарин таъминкунандаи алоқаи телефонӣ аз тариқи интернет дар ҷаҳон аст ва айни ҳол ҳудуди 600 миллион муштарӣ дорад. Грегуар Пуже як сабаби таъмин набудани амнияти гуфтугӯ аз тариқи скайпро бо пайдо шудани барномаи malware марбут мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “бо пардохти чандсад доллар шумо метавонед malware харидорӣ ва онро дар компютери касе насб намоед, ки аз Skype истифода мебарад. Ин барномаро шумо метавонед аз тариқи почтаи электронӣ ирсол кунед ва агар соҳиби компютер нома бо ин барномаро боз кунад, malware билофосила дар компютер насб мешавад. Шумо аз тариқи барномаи malware метавонед сӯҳбатро сабт ва онро чоп кунед ва шумо ҳамчунин рақами шахси тамосгирифтаро ҳам хоҳед дошт”.

Мalware вазъи то “Баҳори араб”-ро комилан тағйир додааст. Дар ҷараёни ошӯбҳои дар кишварҳои арабӣ дигарандешон аз интернет ба хотири ташкили эътирозҳои густурдаи хиёбонӣ истифода бурданд ва ин ба суқути режимҳо дар Тунису Миср ва Яман овард. Ҳаводиси “Баҳори араб” фаъолони шаҳрвандӣ ва дигарандешон дар бисёр кишварҳоро мутмаин сохтанд, ки интернет “минтақаи амн” аст ва мақомоти ҳукуматӣ тавони назорат аз болои мухолифинро надоранд. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, ҳукуматҳои худкома низ то куҷо муҳим будани интернетро фаҳмидаанд ва аз он барои дифоъ аз манфиатҳои худ истифода мекунанд.

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” ба хотири дифоъ аз ҳуқуқҳои истифодабарандагони Skype ахиран бо иншои як номаи саркушода аз Microsoft - соҳиби Skype хост, ки то куҷо махфӣ мондани гуфтугӯ аз тариқи шабакаро шарҳ диҳад. Microsoft ваъда дод, ки ин номаро меозмӯзад ва аммо то ҳол ба он посух нагуфтааст.

Сэм Смит, мутахассисии фановарӣ дар созмони Privacy International, мақараш дар Лондон, мегӯяд, солҳои пеш Skype робитаи телефонии комилан амн арзёбӣ мешуд ва ширкат соли 2005 бо нашри изҳороте итминон дода буд, ки касе гуфтугӯҳо аз тариқи онро гӯш намекунад. Аммо ширкати Microsoft баъди аз харидории Skype ба маблағи 8.5 миллиард доллар дар соли 2011, ҳанӯз чунин изҳорот нашр накардааст.

Дар ҳоле, ки алоқамадони Skype ташреҳи Microsoft дар бораи то куҷо амн будани гуфтугӯи телефониро интизоранд, бархе аз муҳаққиқони бахши зиндагии хусусӣ тавсия медиҳанд, ки ҳангоми гуфтугӯ аз тариқи интернет кас бояд дар бораи чӣ гуфтану чӣ нагуфтанаш андеша кунад. Онҳо ҳамчунин маслиҳат медиҳанд, ки ба чигунагии рафтори ширкати таъминкунандаи хадамот зимни ҳифзи иттилоъ ва бархӯрдаш ба талаби мақомоти расмӣ барои дастрасӣ ба иттилои ҳифзшуда таваҷҷуҳи хоса кунанд. Зимнан, баҳси тақозои мақомот барои дастрасӣ ба интернет, бархӯрди ширкат ба он ё ва дар кадом ҳолат дар ихтиёри ҳукумат гузоштан ё нагузоштани иттилоъ миёни ҳукуматҳо ва таъминкунандагони интернет идома дорад.
XS
SM
MD
LG