Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат ва матбуот дар соли интихобот: Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар


Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2013, ки соли интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурист, рафтораш дар қиболи расонаҳои мустақилро зоҳиран тибқи ҳамин формулаи “Ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар” шакл хоҳанд дод.

Аммо ба фарқ аз солҳои интихоботҳои қаблӣ, ки тақрибан ҳар дафъа мавҷи бастани нашрияҳои мустақилро ба ҳамроҳ дошт, имсол кор шояд ба ин ҳад нарасад. Аз як сӯ, матбуоти мустақили тоҷик дар чанд соли охир хеле қувват гирифт ва ба пои худ рост шуд, ки чунин рафтори табъизомези мақомотро хомӯшона фурӯ барад ва вокуниш накунад. Аз тарафи дигар, рушди фанновариҳо ва бахусус интернет, давлатҳоро дар амри гирифтани пеши роҳи сели азими иттилои озод ва хориҷ аз назорати мақомот оҷизтар кардааст.

Як СМС кофист...

Аммо шеваи сайтбандон, ки Хадамоти алоқа дар ду соли охир аз он ба сурати фаровон истифода бурд, зоҳиран имсол низ як силоҳи умдаи мақомот барои бастани даҳони мунтақидони давлат боқӣ хоҳад монд. Аз ҷумла ба ин далел ки корбурди имконоти ин Хадамот барои бастани даҳонҳо ба давлат хеле осонтару арзонтар тамом хоҳад шуд. Як паёмак ё СМС кофист, ки ҳар сомонаи “нофорам” масдуд шавад.

Рафиқҷон Шокиров
Рафиқҷон Шокиров
Ҳарчанд Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқа, ки дар нишасти ахири хабарии ин идораи давлатӣ ба ҷои раиси номдораш Бег Зуҳуров ба суолҳои хабарнигорон посух медод, ирсоли ҳар навъ СМС бо талаби бастани сомонаҳоро рад кард: «Инҷо ҳеҷ кас ягон хел СММ , ягон хел дастур намедиҳад. Аз куҷо гирифтед, ки СМС фиристодаанд? Биёред, ҳамон провайдерҳоро, гап зананд, нишон диҳанд.”

Аммо ин тавҷеҳи раҳбарони Хадамоти алоқа касеро аз аҳли матбуот, албатта, қонеъ карда натавонист, балки мутмаинтар сохт, ки ин идора бо наздик шудани замони интихобот фишораш ба сомонаҳоро ҳатман бештар хоҳад кард ва мавҷҳои бузургтари “сайтбандон”-ҳои Хадамоти алоқа ҳанӯз дар пеш аст.

Оромии пеш аз тӯфон?

Соли 2012 як соли,ба сурати умум, нисбатан ором барои матбуоти тоҷик унвон мешавад. Албатта, ба истиснои чанд мавриди бастани сайтҳои интернетӣ, аз ҷумла Фейсбуку сомонаҳои Озодӣ, таҳияи “рӯйхати сиёҳ”-и иборат аз 131 сомона, ки Хадамоти алоқа дар нишасти ахираш “ин офтобро ҳам бо доман пӯшонда”, рад кард, эҷоди маҳдудиятҳо дар пайгирии нооромиҳои Хоруғ, аз ҷумла манъи сафари хабарнигорони хориҷӣ ба Бадахшон ва шояд боз баҳси додгоҳии шаҳрдори Душанбе бо шабакаи аввали телевизиони давлатӣ. Вале дар маҳофили хабарнигорӣ мӯътақиданд, ки ин як оромии пеш аз тӯфон буд ва аломатҳои ин тӯфон алакай дар як моҳи аввали соли ҷорӣ рӯи об баромадааст.

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
Хабарнигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, дар идомаи сайтбандонҳои ду соли гузашта се қазияи ахир – рад шудани дархости тамдиди сабти номи хабарнигори Озодӣ, Абдуқаюми Қаюмзод аз сӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, даъвои додгоҳии Рустам Ҳукумов – писари раиси ширкати роҳи оҳан – алайҳи нашрияи “Имрӯз News” ва баҳси додгоҳии кумитаи дин бо хабарнигори “Tojnews” Амруллоҳи Низом ҳокист, ки давлат аз ҳоло ба имтиҳон кардани шеваҳои эҳтимолии рафтор ва абзорҳои фишораш нисбат ба матбуот шурӯъ кардааст: “Аммо матбуоти соли 2012 ва 2013-ро наметавон ба матбуоти 10 соли пеш қиёс кард. Ва фазои имрӯза ҳам дигар фазое нест, ки дар соли 2003 буд. Соли 2003 дар Тоҷикистон фақат як провайдери интернет буд ва ҳоло ба 12 расидааст. Ин шабакаи ҷаҳонӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва имрӯз агар дар нуқтае аз Бадахшон, ё Хуҷанд, ё Қаротегин ҳодисае рух дод, алакай баъди 10-20 дақиқа садои пои он хабар аз он сӯи уқёнус хоҳад омад. Яъне матбуоти имрӯза ва вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро наметавон бо матбуоти соли 2003 ва вазъи он замон қиёс кард. Аммо як бархӯрдҳое нисбат ба матбуот имсол ҳам сурат хоҳад гирифт.”

Ин дафъа кӣ “Рӯзи нав”-у кӣ “Одаму Олам” мешавад?

Раъйгирии Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003, ки роҳро барои боз ду давраи ҳафтсолаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон боз кард, сари “Рӯзи нав” – яке аз нахустин нашрияҳои мустақили фошгӯ дар таърихи матбуоти Тоҷикистони пасошӯравиро “хӯрд”. Мавҷи дувуми “куштан”-и нашрияҳои мустақил ба соли 2005 рост меояд ва мақомот ҳанӯз як сол қабл аз интихоботи навбатии оқои Раҳмон саҳнаро аз расонаҳои тундгӯе, чун “Одаму Олам” ва Нирӯи Сухан” “пок” карданд ва онҳое ҳам, ки монданд, то поёни ин маъракаи дар зоҳир алтернативӣ ва дар асл берақобат муваққатан ба даҳон об гирифтанд.

Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳи Шарифзода, устоди фанни журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ба ҳар сурат, муҳит дар ин муддат хеле тағйир кардааст ва баъид аст, ки мақомот имсол ҳам дар пешорӯи интихобот ба бастани расонаҳои мустақил ҷуръат кунанд: “Дар он солҳо муҳит ҳам дигар буду фазои иттилоотӣ ҳам дигар буд. “Рӯзи нав” ё “Нирӯи сухан” яккатоз буданд дар майдон. Шумори нашрияҳои мустақиле, чун “Рӯзи нав”, ҳоло хеле бештар шудааст. Ин як омили умедворкунанда аст. Омили дувум ин аст ки имрӯз мардум тавассути васоити электронӣ ва фанновариҳои навин имкони дастрасии бештар ба иттилоъро пайдо кардаанд, ки ин барои маҳдуд кардани сомонаҳо имкони зиёде боқӣ намегузорад. Яъне фазои кунунӣ фазои хеле кушодтар аст назар ба солҳои пеш.”

Аммо Мухтори Боқизода, муассиси “Нирӯи Сухан”, нашрияи мустақиле, ки дар соли 2005 ҷабран баста шуд, мегӯяд, ҳатмӣ нест, ки мақомот аз айни шеваи 8 ё 10 соли пеш кор бигиранд, чунки баробар бо рушди матбуот ва интернет ин мақомот ҳам роҳҳои нави фишор ба нашрияҳову сомонаҳои мунтақидро ёд гирифтаанд: “Аз эҳтимол дур нест он рӯз, ки тақдири сахти “Рӯзи нав”, “Одаму олам”, “Нирӯи сухан” ва “Адолат” болои сари нашрияҳои дигар ҳам биояд. Вале ин дафъа тарзи фишору тазъиқи ҳукумат ва тарзи боздошти фаъолияти расонаҳо аз он шеваи қаблӣ фарқ хоҳад кард. Ҳукумат метавонад имрӯз бо роҳҳои дигар, барои мисол, мисли нашрияи “Пайкон”, ки 300 000 сомонӣ ҷаримааш бастанду худ аз байн рафт, саддсозӣ кунад. Бо андозу даъвоҳои додгоҳиву додситониву чизҳои дигар.”

Нуқтаи заъф

Маъмулан дар ҷое, ки зориву зӯрӣ дигар кор намедиҳад, ба унвони охирин васила зарро ба кор медароранд. Бавижа дар ҳоле ки як нуқтаи заъфи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон осебпазирии молист. Қариб ҳамаи ин нашрияҳо аз тарафи хабарнигорон таъсис ёфтаанд ва дар паси ҳеҷ кадомаш ягон гурӯҳи қавии моливу тиҷорӣ намеистад. Ба ин далел, ҳеҷ кадоми онҳо пуштивонаи кофии молӣ надорад ва ҳатто фишори андак, барои мисол, боздошти нашрашон барои як муддати кӯтоҳ, метавонад ҳар нашрияро варшикаста кунад.

Ба қавли маҳофил, мақомот бо истифода аз ҳамин нуқтаи заъф метавонад нашрияҳои мустақилро ҳам ба як минбари таблиғи номзади мавриди назараш, ки ғолибан инбор ҳам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд, табдил диҳад. Чунин таҷрубаи “ҳамкорӣ” бо нашрияҳои мустақилро давлат алакай дорад ва сели маҳсулоти “фабрикаи ҷавоб”, ки ба бовари аксар, мақомот барои бадном кардани мунтақидони давлат сохтаанд, дар ин авохир асосан аз тариқи ҳамин нашрияҳо чоп мешуд. Ва на ҳатман ройгон.

Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд, давлат аз бархӯрди хашмин ба матбуот фоидае намебарад, балки обрӯи ҳам худашу ҳам интихоботаш дар саҳнаи байналмилалиро аз даст хоҳад дод. Дар ҳоле ки муомила бо нашрияҳои мустақили дар назараш “душман” ва худдорӣ аз бастани сомонаҳову нашрияҳо дар соли интихобот метавонад забонашро баръакс дарозтар кунад, ки мо ба арзишҳои демократӣ эҳтиром қоил ҳастем: Албатта, эҳтимоле чунин вуҷуд дорад ва агар муомилаҳое дар ин замина сурат ҳам бигирад, ба манфиати ҳам давлат аст ва ҳам то ҷое, ба фоидаи худи расонаҳо. Чунки имрӯз нашрияҳои мустақиле, ки иқтидори кофии моддиву молӣ дошта бошанд, дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надоранд. Бино бар ин, имкон дорад, ки муомилаҳое чунин сурат бигиранд.”

Агар сенарияи интихобот дигар шавад

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, бархӯрд нисбат ба матбуот метавонад рангу оҳанги хашинтар ҳам бигирад, агар маъракаи интихоботӣ аз он сенарияе, ки кашида шудааст, хориҷ биравад ва дар баробари Эмомалӣ Раҳмон як номзади дар воқеъи билқуввае, барои мисол, аз дохили худи ҳукумати ӯ, қад алам кунад. Дар чунин сурат имкони аз пой даровардани минбарҳои эҳтимолии таблиғи чунин номзад, ки ҳамин нашрияҳои мустақиланд, шояд биафзояд.

Аммо хабарнигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд дар ин мавриди назари дигар дорад: “Фикр мекунам, фишор ба матбуот дар чунин сурат низ чандон зиёд нахоҳад шуд, зеро дастгоҳҳо ва расонаҳои ҳукумативу наздиҳукуматӣ ва рӯ ба ҳукумат дар ихтиёри давлат он қадар зиёд аст, ки барои таблиғи номзадаш кифоят мекунад. Зарфияти нашрияҳои мустақил ҳам ба андозае нест, ки ҳукумат аз ноҳияи онҳо эҳсоси кадом хатаре кунад.”

Бо ин ҳол, Мухтори Боқизода бо ишора ба қазияи хабарнигори Озодӣ Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, ин дафъа дар соли интихобот расонаҳои хориҷӣ ҳам метавонанд як ҳадафи умдаи таъқиби мақомоти тоҷик қарор бигиранд: “Қазияи Қаюмзод аз он далолат мекунад, ки ин фишороварӣ алакай шурӯъ шудааст.”

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 446 нашрияву маҷалла, аз ҷумла 270 нашрияи хусусӣ, 10 хабаргузорӣ ва 44 шабакаи радиоиву телевизионӣ, ки 28 шабакааш хусусист, сабти ном шудаанд. Аммо аксари нашрияҳои чопӣба сурати ҳафтаӣ ва он ҳам бо теъдоди ҳамагӣ чанд ҳазор нусха нашр мешаванд. Аз ин миён ҳам фақат як теъдоди ангуштшуморе масоили сиёсиву иҷтимоиро пайгирӣ мекунанд ва бақия асосан “оилавӣ”-ву тафреҳианд.
XS
SM
MD
LG