Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳудуди 75 шаҳрванди тоҷик, ки тавассути Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Русия фиристода шудаанд, се моҳ боз маош нагирифтаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мусоидати Хадамоти муҳоҷират ба шаҳри Белогорскии вилояти Амур фиристода шудаанд, дар тамос бо Радиои Озодӣ арз карданд, ки се моҳ боз маош нагирифтаанд ва касе ба доди онҳо намерасад.

Саидҷаъфар Раҳмтуллоев, шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Белогорскии вилояти Амур, рӯзи 31 январ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки се моҳ қабл аз тариқи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 75 нафар сокинони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба вилояти Амур омаданд ва дар сохтмонҳо машғули кор астанд, вале музди худро гирифта наметавонанд. Ӯ шикоят кард, баъди овардан ба Русия касе аз ҳолашон хабардор намешавад.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки барои ба маҳалли кор расидан, яъне то шаҳри Белогорски ҳудуди 20 ҳазор рубл харҷ кардаанд ва моҳонаи ҳар нафаре аз онҳо ба 30 ҳазор рубл баробар аст. Аммо ширкати русии «ТЖ- Регион», ки ба соҳибкори маҳаллӣ, Михаил Гиршский таалуқ дорад ва муҳоҷиронро ба кор гирифтааст, дар охири ҳар моҳ бо ҳар баҳона музди коргаронро намедиҳад.

Олег Смирнов, як ҳамкори маҳаллии муҳоҷирони тоҷик, ҳам мушкили маошро тасдиқ карда, афзуд, ки "аксари мутахасисони маҳаллӣ аз ин сохтмон рафтанд вале тоҷикон ночор дармондаанд."

Саидҷаъфар Раҳматулоев мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳри ғариб ягон ҷойи рафтан надоранд аксарияташон забони русиро намедонанд.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд нишонаи ин 75 муҳоҷири тоҷикро дақиқ карда, тавассути намояндагиҳояш дар Русия мушкили онҳоро ҳал хоҳанд кард.

Шуъбаи кор бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, чунин арзу шикоятҳо аз тарафи шаҳрвандони тоҷик дар Русия зиёд мерасанд ва дар аксари ҳолатҳо бо мусоидати намояндагии Хадамот мусбат ҳал мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG