Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташкили гуруҳҳои махсус алайҳи ифротгароӣ дар Шаҳритус


Бинои ҳукумати ноҳия Шаҳритус

Бинои ҳукумати ноҳия Шаҳритус

Дар ноҳияи Шаҳритус гуруҳҳои махсус алайҳи ифротгароӣ ташкил шудаанд, ки дар ҷойҳои серодам ва рустоҳои дурдаст бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба нигарониҳое, ки аз гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ дорад, гуруҳи вижае созмон додааст, то дар куллияи рустоҳои ин минтақа «умури фаҳмондадиҳӣ»-ро тақвият бахшад.

Лутфия Ҷӯраева, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, ҳадаф аз таъсиси гуруҳи мазкурро «ҷилавгирӣ аз исломситезию хурофотпарастӣ» номид. Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, идораи амнияти миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомили ин гуруҳ буда, ба ҷавонони рустоӣ пайомадҳои қонунии узвият ё пуштибонӣ аз ҳизбу созмонҳои ифротгароро шарҳ медиҳанд.

Лутфия Ҷӯраева

Лутфия Ҷӯраева

Лутфия Ҷӯраева дар ин иртибот гуфт: «Бо мақсади иҷрои қарори раиси ноҳия дар бораи пешгирии бегонапарастию хурофотпарастӣ гуруҳи кории мо як сол боз сари кор аст ва худи ман ин гуруҳро роҳбарӣ мекунам. Ба ҷуз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони шуъбаҳои маорифу кор бо занон ва оила ва ҷавонон шомили ин гуруҳанд. Мо дар ҷойҳои серодам гашта, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурдем. Ҳатто нафароне, ки либоспӯшиашон ба анъанаҳои миллии мо мухолиф буд, ҳоло тағйири либос кардаанд, акнун бештар либоси миллӣ мепӯшанд».

Афзун бар ин, дар ноҳияи Шаҳритус 9 маҳфили фарҳангӣ-ҳунарӣ таъсис шудааст, ки ҳадафи аслӣ низ ҷалби ҷавонон ба он ва дур кардани онҳо аз ақидаҳои ифротӣ ва номуносиб хонда мешавад.

Ин иқдомоти ҳукумати маҳаллӣ дар ҳолест, ки мақомоти Шаҳритусу Қубодиён, навоҳии воқеъ дар наздикии сарҳади Узбакистон, аз боздошти чанд узви «Ҳаракати исломии Узбакистон», - созмони расман мамнуъ дар Тоҷикистон, хабар медиҳанд.

Як намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шаҳритус, дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, «шуъбаи кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия дар ин маврид тафтишотро бурда истодааст. Ҳоло мо тафсилоти бештари ин парвандаро баён карда наметавонем. Вале чунин ҳолатҳо ҷой доранд, чанд нафарро боздошт кардаем вобаста ба ҳодисаҳои «Қизил Нишон»-у пайравӣ аз «Ҳаракати исломии Узбакистон». Кормандони оперативии навоҳии Шаҳритусу Қубодиён дар ҳамбастагӣ сари ин масъала кор карда истодаанд».

Дар моҳҳои декабру январ, ба иттилои мақомоти ноҳияи Қубодиён, 6 сокини деҳаи «Қизил Нишон»-и ин ноҳия бо гумони пайравӣ аз Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд. Ҳоло ба хотири «халал наёфтани сирри тафтишот» исми онҳо ва ҷузъиёти парвандае, ки алайҳи эшон боз шудааст, ифшо карда намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта 8 сокини ҳамин деҳа маҳз бо иттиҳомоти мушобеҳ дастгир ва дастикам се нафар аз онҳо ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.

Талошҳои мо барои ба суҳбат кашондани падари яке аз ҷавонони боздоштшуда бо ҷурми узвият дар «ҲИУ» ноком монданд, зеро ӯ ва тамоми пайвандонаш аз ҷониби муфаттишони идораи амнияти миллӣ барои дахл накардан ба ҷараёни тафтишот ва суҳбат накардан бо расонаҳои хабарӣ огоҳонида шудаанд.

Аммо яке аз омӯзгорони мактаби деҳаи «Қизил Нишон»-и ноҳияи Қубодиён бо шарти зикр нашудани номаш гуфт: «Ҷавонон баъд аз хатми мактаб асосан ба Русия ё шаҳрҳои калони Тоҷикистон барои мардикорӣ мераванд. Онҳое, ки ба «ҲИУ» пайвастаанд, баъд аз хатми мактаби мо, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳо ё дар муҳоҷират «тағйири ақида» мекунанд. Дар ҳамон ҷойҳо ҷавонони моро ба қавле «вербоват» мекунанд. Яке аз чунин ҷавонони хуби мо, пас аз гаравиш ба созмонҳои ифротгаро дар Афғонистон ба қатл расид. Фарзанди вакили мардумии СССР, Олимов буд. Падараш низ пас аз чанде, дар пайи азиятҳои равонӣ реҳлат кард».

Неъматулло Маҳмадсаидов, аз пирони деҳаи «Қизил нишон», мегӯяд, ки 500-600 нафар аз ҷавонони деҳа ба сабаби бекорӣ ночор ба Русия ё дигар кишварҳо ба муҳоҷирати корӣ мераванд. «Мақомот бояд бештар худи «гуноҳ»-ро решакан кунанд, на «гунаҳкор»-ро. Бояд омилҳои гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро пажуҳиш шавад, барномаҳои давлатие барои дастгирии иҷтимоӣ, барои ба таҳсил ва кор фаро гирифта шудани ҷавонони деҳоти дурдаст ва осебпазир қабул карда шаванд. Бубинед, дар чанд соли охир ягон корхонаи саноатӣ ифтитоҳ нашудааст, ки барои ҷавонон ҷойи кор муҳайё гардад. Агар мо бо ҷавонони худ кор накунем, аз дасташон нагирем, табиист, ки ҳар гуна ҷараёнҳо онҳоро ба сӯйи худ мекашанд», - изҳор дошт Н. Маҳмадсаидов.

Мақомоти маҳаллӣ иддао доранд, ки пайравони боздоштшудаи «ҲИУ» асосан ҷавонон ва баъзеашон таълимгирифта аз руҳониёни маҳаллӣ буда, дар муҳоҷирати корӣ ба хориҷ, аз ҷониби собиқадорони ин ҳаракат ҷалб шудаанд.

Гузашта аз ин, дар як соли ахир мақомоти вилояти Хатлон 45 муллоро барои таълими ғайриқонунии 105 нафар, ки 89 нафарашон ноболиғон будаанд, ба муҷозоти маъмурӣ кашидаанд. Домуллоҳо беш аз 6 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ супурдаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG