Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози пайравони ҳизби Ота-Ҷурти Қирғизистон


Тахминан 700 пайрави ҳизби Ота-Ҷурти мухолифи ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри ҷанубии Ҷалолобод ҷамъомади эътирозӣ ташкил кардаанд. Онҳо талаб доранд, ки раҳбарони ин ҳизб аз зиндон раҳо шуда, дар ҳабси хонагӣ нигаҳдорӣ шаванд. Эътирозгарон ҳамчунон тақозо мекунанд, ки парламенти Қирғизистон пароканда шавад. Камаш 50 эътирозгар савори асп мебошанд. Раҳбарони Ота-Ҷурт-Қамчибек Тошиев, Содир Ҷапаров ва Талант Мамитов бо кӯшиши иғвоандозӣ ва барканор намудани ҳукумат муттаҳам мешаванд. Онҳо моҳи октябр ҳангоми ташкили гирдиҳамоии тахминан як ҳазор нафар дар назди бинои парламенти Қирғизистон ба ҳабс гирифта шудаанд. Рӯзи панҷшанбе муҳокимаи онҳо аз сар гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG