Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии варзишгарони тоҷик дар Бишкек


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кэндо барои Ҷоми сафири Ҷопон дар Қирғизистон дар ҳисоби дастаӣ мақоми севумро касб карданд.

Ин мусобиқа бо ширкати 6 даста – се даста аз Қазоқистон, ду даста аз Қирғизистон ва як даста аз Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се нафар - раиси Федератсияи каратэ киокушинкайи ҷумҳурӣ Ҳикматулло Кароматов, намояндаи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Коматсу-сан ва варзишгари ҷавон Икром Ҷовидов дохил буданд.

Дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ бо ҳам рақобат карданд. Дастаи аввали Қазоқистон, ки имтиёзи бештар ба даст овард, барандаи Ҷом шуд. Дастаи аввали Қирғизистон ҷойи дувумро соҳиб гашт.

Ба иттилои Ҳикматулло Кароматов варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ таҳти раҳбарии устоди ҷопонӣ Асано Фумиаки ширкат карданд. Вай афзуд, зиёда аз 8 моҳ аст, ки варзишгарони тоҷик аз ин мутахассиси ҷопонӣ дар баробари каратэ техника ва сабку усулҳои кэндоро меомӯзанд.

Бояд тазаккур дод, кэндо санъати шамшерзанист, ки таърихи қадима дорад ва дар Ҷопон дар баробари дзюдо ба барномаи ҳатмии мактабӣ дохил шудааст.
XS
SM
MD
LG