Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби сӯми узбакӣ 15 дар сад поин шуд


Бинои Бонки марказии Узбакистон

Бинои Бонки марказии Узбакистон

Рӯзи чоршанбе баъди эълони қарори манъи фурӯши пулҳои хориҷӣ арзиши пули миллии Узбакистон поин шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзи чорашнбе қурби як доллари Амрико ба 3000 сӯми узбакӣ баробар шуда буд. Як рӯз пеш аз он як доллар ба 2650 сӯми узбакӣ баробар буд. Бонки марказии Узбакистон гуфтааст, ки сар аз якуми феврал табодули пули узбакӣ ба арзи хориҷӣ фақат тавассути пардохт аз корди маҳаллӣ ба корди байналмилалии муштарӣ сурат хоҳад гирифт. Шаҳрвандони Узбакистон ва хориҷиён ҳамоно ҳақ хоҳанд дошт, ки мисли пештара пули хориҷии худро ба сӯми узбакӣ табодул намоянд. Ин дастур ба ширкатҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ таъсире надорад.
XS
SM
MD
LG