Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия: Исроил болои пажӯҳишгоҳ ҳамла кардааст


 Сарбозони артиши Сурия
Сарбозони артиши Сурия
Артиши Сурия мегӯяд, ҳавопаймои исроилӣ болои як марказӣ ба истилоҳ “пажӯҳишҳои илмӣ”, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳри Димашқ ҳамла кардааст. Ба қавли артиши Сурия бар асари ҳамла болои маркази Ҷармая ду нафар кушта ва панҷ каси дигар захмӣ шудаанд.
Низомиёни Сурия гузоришҳои пештара дар бораи ҳамлаи ҳавопаймоҳои исроилӣ болои корвони низомӣ дар назди марзи Сурия бо Лубнонро, ки гӯё мушакҳои истеҳсоли Русияро барои гурӯҳи Ҳизбуллоҳ интиқол медод, рад кардаанд. Исроил аз он нигарон аст, ки силоҳи химиявии Сурия метавонад ба дасти гурӯҳи Ҳзбуллоҳ ва ё ҳампаймонҳои созмони террористии ал-Қоида афтад. Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, аз ин хабар “ташвиши амиқ” дорад ва мунтазири тавзеҳ мебошад.
XS
SM
MD
LG