Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи нави Оғохон ба Зарифӣ эътимоднома супурд


Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи доимии нави ташкилоти Оғохон бо супоридани эътиборнома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба адои расолати худ дар ин кишвар оғоз намуд.

Тавре аз ташкилоти Оғохон оид ба рушд, иттилоъ доданд, 30 январи соли 2013 ҷаноби Акбар Алӣ Песнанӣ ба ҳайси намояндаи доимии нави ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ эътиборномаи хешро супорид. Песнанӣ дар ин вазифа ҷаноби Мунир Мералиро иваз намуд, ки 28 -уми январи соли 2013 муҳлати расолати ҳафтсолаи ӯ дар Тоҷикистон ба итмом расид.

Ба иттилои ташкилоти Оғохон, ҷаноби Песнанӣ дар сохторҳои ин созмон таҷрибаи зиёда аз чилсолаи кор дорад. Ҳоло ӯ раиси раёсатҳои Аввалин бонки молияи хурди Афғонистон ва Покистон, раиси раёсати Хадамоти Оғохон оид ба фарҳанг дар Покистон аст.

Фаъолияти касбии Песнанӣ аз кор дар вазифаҳои масъули молиявию роҳбарикунандаи созмонҳои сершумор, аз ҷумла Беморхонаи Донишгоҳи Оғохон дар Қарочӣ, Ширкати Ғулом Фаррух Групп (Ghulam Faruque Group), ки гурӯҳи истеҳсолию тиҷоратии Покистон ва инчунин раиси Бандари Гвадар дар Покистон иборат аст.

Ташкилоти Оғохон тайи 17 сол дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон, аз қабили кишоварзӣ, энергетика, тиб, маориф, алоқа ва ғайра фаъолият карда, ҳамасола беш аз 100 миллион доллар ба иқтисодиёти ин кишвар ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG