Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов: «Аз муллоҳо набояд тарсид»


Холумрод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир
Холумрод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир

Раиси ноҳияи Қумсангир мегӯяд, бо ҷалби руҳониён тайи як соли охир дар ин ноҳия 20 мактаби наву замонавӣ бунёд шудааст.

Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, мегӯяд, баъзан дар симои руҳониён омили хатар ба амнияти кишвар ва ҷомеаро мебинанд ва мақомоти давлатӣ аз ҳамкорӣ бо онҳо парҳез мекунанд. Аммо феълан, ба иддаои ҷаноби Раҳмонов, ҳукумати ноҳия тавонистааст, ки аз руҳониён ба нафъи рушди Қумсангир ва ба хусус соҳаи маориф ба таври бояду шояд истифода кунад:

«Аз руҳониён набояд тарсид. Бубинед, як одамро ду дафъа «девона» номем, дафъаи сеюм вай ҳатман девона мешавад. Худо шоҳид, ки танҳо дар як соли охир муллою эшонҳои ноҳия 20 мактаб сохтаанд. Дар он ҷойҳое, ки домуллоҳо мактаб сохтанд, ё мактаб набуд, ё синфхонаҳояш дар ҳоли садамавию сангин қарор дошт. Пештар рафта медидед, дар даруни синфхона ҳам ангишт рехта шудааст, ҳам кӯдакони бечора таҳсил мекарданд, ҳам он ҷо кабинети муаллимон маҳсуб мешуд. Магар ин иқдоми домуллоҳо қобили таҳсину дастгирӣ нест? Ҳамаи мо, алҳамдилуллоҳ, мусулмонем. Дини ислом шоҳи ҳамаи динҳост. Аммо он корҳои зишт, амалҳои террористӣ, одамкушӣ мекунанду ба ислом ё гуруҳҳои исломӣ рабт медиҳанд, ҳамааш иғвоангезист. Терроризм ва худи афроди ифротгаро дину мазҳаб надоранд. Ислом ҳам чунин кирдорҳоро маҳкум мекунад…»

Абдурашид Маҷидов
Абдурашид Маҷидов
Соҳибкор Абдурашид Маҷидов, дар миёни мардуми деҳ маъруф ба номи Бобои Эшон, аз ҷумлаи руҳониёнест, ки дар яке аз деҳаҳои Қумсангир мактаби замонавие иборат аз 14 синфхона ва бунгоҳи тиббии дорои 4 утоқи корӣ сохтааст: "Мардуми деҳ барои табобаташон маҷбур буданд то маркази ноҳия ё шаҳри Қӯрғонтеппа раванд, ки сарфи маблағи калонро талаб мекард. Ҳамчунин азбаски наздиктарин мактаб дар масофаи 5 километр роҳ вуҷуд дошту кӯдакони бечора зимистону баҳор, бо азоб ба мактаб мерафтанд, дар деҳаи худамон як мактаб сохтем. Зиёда аз 100 ҳазор доллар сарф шуд дар ин кор. Барои фарзандони худамон сохтем, ин савоб дорад».

Афзун бар ин, руҳониёни маҳаллӣ натанҳо сохтмони мактабҳои дунявиро сармоягузорӣ мекунанд, балки ба фарқ аз солҳои пешин, талош доранд, то духтаронашон таҳсилдида ва соҳиби касбу ҳунар бошанд. Дар омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Қумсангир, ки тоза таъсис ёфтааст, бахши аъзами донишҷӯёнаш аз духтарони шахсони руҳонӣ ва уламо иборат будааст.

Фирӯза Шамсова, сарпизишки беморхонаи марказии ноҳияи Қумсангир, дар ин иртибот гуфт: «Танҳо ҳамин сол 16 духтари имом-хатибу домуллоҳои маъруф шомили омӯзишгоҳ шудаанд. Ҳар рӯз ба дари ҳукумат меомаданд, ҷангу ҷанҷол мешуд барои таҳсил дар ин омӯзишгоҳ. Дар миёнашон духтарони шавҳардор ҳам буданд, ки бароямон ғайричашмдошт буд. Ҳамаашон аз оилаҳои руҳонӣ ҳастанд. Хушоянд ҳаст, ки руҳониёне, дар гузашта ба таҳсили мактабҳои дунявии фарзандонашон иҷоза намедоданд ё моил набуданд, ҳоло тағйири андеша кардаанд».

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ноҳияи Қумсангир, ноҳияе дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, муллоҳои маҳаллиро ҳушдор додааст, ки аз никоҳи духтарони ноболиғ даст бикашанд, то ки онҳо имкони таҳсилу донишомӯзӣ дар макотиби олиро низ дошта бошанд. Наргис Ниёзмамадова, муовини раиси ноҳияи Қумсангир, гуфт, домуллоҳо дастур гирифтаанд, ки қабл аз адои маросими никоҳи исломӣ аз арӯсу домод нусхаи қайди давлатии никоҳашонро пурсон шаванд.

«Ҳар ҳафта домуллоҳо ба ҳукумат даъват мешаванд. Онҳо аз фаъолияти худ гузориш медиҳанд, гарчанде ки бахши дин ҳам ин гуна ҳисоботро пешниҳод мекунад. Домуллоҳо ахбор медиҳанд, ки кӣ барои никоҳи духтарони ноболиғ ба онҳо муроҷиат кардааст, то ки аз чунин никоҳҳои барвақтӣ саривақт ҷилавгирӣ карда шавад. Духтарон ҳам ҳаққи таҳсил ва такмили донишҳояшонро доранд. Барояшон шароит фароҳам овардан даркор аст», - афзуд ӯ.

Бо ин вуҷуд ҳукумати ноҳияи Қумсангир барои ҳамкорӣ ва иртиботи бештар бо руҳониёни маҳаллӣ, ки аз шахсиятҳои таъсиргузор дар ҷомеа бошанд, алоқмандӣ нишон медиҳад ва барои онҳое, ки азми бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, бахусус мактабу бунгоҳҳои тиббӣ доранд, имтиёзҳо медиҳад.
XS
SM
MD
LG