Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кевин Клоуз: Эрон ба матбуоти мустақил ҳамла мекунад


Маъракаи зидди расонаҳои хабарии мустақил, ки аз сӯи ҳукумати Эрон ташкил шудааст ва дар чаҳорчӯби он дар Теҳрон чандин хабарнигор боздошт шуд, то ба хабарнигори бурунмарзӣ, аз ҷумла, 15 корманди Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ҳам расид.

Дар як эъломияи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ гуфта шудааст, ки аз номи дасти кам се хабарнигори Радиои Фардо блогҳои тақаллубӣ ва саҳифаи тақаллубӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook сохта шуда, дар онҳо ба хотири бадномсозияшон ахбори дурӯғин ва низоъбарангез нашр шудааст. Ҳамчунин саҳифаи Радиои Фардо дар Facebook, ки беш аз 300 ҳазор хонанда дорад, мавриди ҳамла қарор гирифт.

Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Кевин Клоуз изҳор намуд, ки “ин ҳамлаҳо ба хабарнигорони Радиои Фардо ғайриқонуниянд ва намоиш медиҳанд, ки режими Эрон барои ҷилавгирӣ аз матбуоти озоду мустақил ба чӣ корҳо қодир аст”.

Ҷаноби Клоуз афзудааст, ки “онҳо талоши тарсонидани хабарнигорони моро мекунанд, вале мо аз онҳо ҳарос надорем ва ба рисолати худ барои нашри ахбори воқеӣ идома медиҳем”.
XS
SM
MD
LG