Пайвандҳои дастрасӣ

Болоравии нуфузи забони лаҳистонӣ дар Бритониё


Дар Англия ва Уэлс баъд аз забонҳои расмии англисӣ ва уэлсӣ солҳои ахир забони лаҳистонӣ маъруф шудааст.

Бар пояи иттилои Хадамоти миллии омори Бритониё, дар Англия ва Уэлс 550 ҳазор нафар ё 1 дар сади аҳолӣ бо забони лаҳистонӣ гуфтугӯ мекунанд. Дар гузориш омадааст, ки тайи даҳ соли ахир як миллион сокинони Аврупои шарқӣ ба Бритониё кӯчидаанд.

Дар Англия ва Уэлс ҳамчунин шаҳрвандон бо забонҳои панҷобӣ, яке аз забонҳои расмии Ҳиндустон, урдӯ, арабӣ, фаронсавӣ ва чиноӣ ҳарф мезананд.
XS
SM
MD
LG