Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ вазири дифои Гурҷистон дар ришват айбдор мешавад


Давид Кезерашвили
Давид Кезерашвили
Додситонии Гурҷистон алайҳи собиқ вазири дифои кишвар Давид Кезерашвили парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Муфаттиш Давид Квиникадзе рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки вазири собиқ дар ришватситонӣ ба маблағи 12 миллион доллар айбдор мешавад.Ба иттилои вазорати молия, Кезерашвили, ҳамчунин, соли 2007, замони раҳбарӣ ба полиси молиявӣ, ба як узви гурӯҳи ҷиноӣ барои содироти машруботи тақаллубӣ ба хориҷи Гурҷистон кӯмак кардааст.

Давид Кезерашвили соли 2008-ум вазири дифои Гурҷистон буд.
XS
SM
MD
LG