Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиш дар Қарочӣ ду нафар ҷон бохтанд


Бар асари таркиши бомб дар Қарочии Покистон ду нафар ба ҳалокат расиданд. Полис мегӯяд, ки ангезаи ҳамла дар минтақаи Сӯҳроб ҳанӯз маълум нест.
Як ҳафта пеш инфиҷори ду бомб дар ин шаҳри бандарӣ мунҷар ба ҳалокати чаҳор нафар, аз ҷумла, се корманди полис ва ҷароҳат бардоштани нӯҳ каси дигар шуда буд.

Соли гузашта бар асари таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Қарочӣ тақрибан 2 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар ин шаҳр, ки маркази тиҷоратии Покистон маҳсуб мешавад, низоъҳои сиёсиву қавмӣ зиёд рӯй медиҳанд.
XS
SM
MD
LG