Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон рӯзи чаҳоршанбе вориди Алҷазоир шуд. Кэмерон аввалин раиси ҳукумати Бритониё аст, ки баъд аз дарёфти истиқлоли Алҷазоир аз Фаронса дар соли 1962 аз ин кишвари африқоӣ дидан мекунад.

Бар пояи бархе хабарҳо, нахуствазири Бритониё мехоҳад бо мақомоти Алҷазоир чораҳои муштараки муқовимат бо таҳдиди гурӯҳҳои террористиро баҳсу баррасӣ намояд.

Сафари Дэвид Кэмерон ду ҳафта баъд аз он сурат мегирад, ки мусаллаҳони ифротгаро дар Алҷазоир гурӯҳи бузурги кормандони як маҷмааи газро гаравгон гирифтанд. Дар талоши озодкунии гаравгонҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла, 37 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG