Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Бародеӣ хостори ҳалли фаврии бӯҳрони Миср шуд


Муҳаммад ал-Бародеӣ
Муҳаммад ал-Бародеӣ
Муҳаммад ал-Бародеӣ, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати Миср, хостори музокироти фаврӣ миёни раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ, намояндагони аҳзоби исломӣ ва мухолифин барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар шуд. Ал-Бародеӣ, раҳбари Ҷабҳаи миллии наҷот, рӯзи чаҳоршанбе дар “Твиттер” навишт, чораҳое заруранд, ки боиси хатми хушунат ва шурӯи гуфтушунид шаванд.

Ду рӯз пештар ал-Бародеӣ ва ҷонибдоронаш даъвати раисиҷумҳур Мурсӣ барои ҳамин гуна музокиротро рад карда буданд.

Шурӯъ аз рӯзи ҷумъа бар асари бенизомиҳо, ки аз эътирозҳои мухолифини Мурсӣ шурӯъ шуданд, беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Эътирозҳо дар солгарди ошӯби зидди ҳукумати худкомаи Ҳуснӣ Муборак иттифоқ уфтоданд. Муҳаммад Мурсӣ маҷбур шуд, ки дар се шаҳр – Порт-Саид, Суэтс ва Исмоилия вазъи фавқулодда эълон кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе раҳбари Миср бо як сафари кӯтоҳ вориди Олмон шуд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммад Мурсӣ, аз ҳукумати Қоҳира даъват кард, ки дарро барои тамос бо ҳама нерӯҳои сиёсӣ боз нигаҳ дорад ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башарро ҳам фаромӯш накунад.
XS
SM
MD
LG