Пайвандҳои дастрасӣ

Ба суриягиҳо 1,5 миллиард доллар ваъда карданд


Бан Ки Мун, Дабири кулли Слзмони Милали Муттаҳид, даъват кард, ки ба хушунат дар Сурия хотима гузошта шавад. Рӯзи чаҳоршанбе дар конфаронси кишварҳои сармоягузор дар Кувайт, раҳбари СММ гуфт, ки вазъи Сурия басо вахим аст ва аз беҳбудӣ дараке нест.

Дар ин нишаст Арабистони саудӣ, Кувайт ва Аморати Муттаҳидаи Араб ваъда доданд, ки барои кӯмаки башарӣ ба суриягиҳо як миллиард доллар ҷудо мекунанд.

Дар конфаронс намояндагони 60 кишвар ширкат доштанд. Ба гуфтаи Бан Ки Мун, дар маҷмӯъ ба Сурия ба мабағи беш яку ним миллиард доллар кӯмак расонда хоҳад шуд.

Айни ҳол чаҳор миллион суриягиҳо ба маводи озӯқа, дорувор,хайма ва дигар маводи мавриди ниёз зарурат доранд. Тақрибан 700 ҳазор сокинони кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ фирор карда дар дигар кишварҳо панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG