Пайвандҳои дастрасӣ

Стивенсон: "Ӯзбакистон заминҳои худро шӯразор кардааст”


Струан Стивенсон

Струан Стивенсон

Струан Стивенсон, узви парлумони Аврупо, дар матлабе дар нашрияи “The European Тimes” рӯи мавзӯи баҳси об дар Осиёи Марказӣ тамаркуз кардааст

Дар матлаби “Чароғи сабз барои Роғун” ӯ навиштааст, ки айёми шӯравӣ масоили марбут тақсими об дар ин минтақа аз сӯи Маскав танзим мешуд. Иосиф Сталин ба хотири “ром кардан”-и табиат фармуд, ки дар ҷумҳуриҳои кӯҳии Тоҷикистону Қирғизистон обанборҳои бузург бунёд шаванд, то моҳҳои тобистон заминҳои кишти кишварҳои поёноб беоб намонанд. Дар навбати худ, кишварҳои аз захоири ангишту нафт ғании поёноб дар моҳҳои сарди зимистон Тоҷикистону Қирғизистонро бо маводи сӯхт таъмин мекарданд.

Муаллиф навиштааст, ки “дар давраи шӯравӣ Маскав болои Қирғизистону Тоҷикистон фишор меовард, ки моҳҳои тобистон ҳама захираи обанборҳояшонро барои обёрии мазраҳои кишоварзони ҷумҳуриҳои поёноб сарф намоянд. Аммо баъд аз фурӯпошии шӯравӣ вазъ тағийр хурд. Акнун Тоҷикистону Қирғизистон тобистон обро захира мекунанд то ки онро зимистон барои тавлиди нерӯи барқ истифода баранд”. Ва ин боиси баҳсҳои ҷиддӣ миёни кишварҳои минтақа гардид. Кишварҳои поёноб, аз ҷумла, Ӯзбакистон илоҷи корро дар бунёди обанборҳои худӣ ва захира кардани об диданд. Ин тасмим боиси ба тадриҷ хушк шудани баҳри Арал гардид.

Струан Стивенсон менависад, ки айни ҳол таниш миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҷиддиву амиқ боқӣ мемонад. Намунаи ин таниш, ба навиштаи вакили парлумони Аврупо, матлаби зоҳиранакадемии «Дасткории об ва ё захираҳои об як аҳроми фишор» (“Гидроманипуляции, или водные ресурсы как рычаг давления”) дар нашрияи ҳукуматии Ӯзбакистон “Народное слово” аст, ки рӯзи 25 январ нашр шуда, дар он муаллиф бунёди нерӯгоҳи Роғунро беибо танқид мекунад ва аз “хатари бузург”-и он дар сурати заминларза ва “паёмадҳои ногувор”-аш барои заминҳои кишти Ӯзбакистон ҳушдор медиҳад.

Аммо, ба навиштаи Струан Стивенсон, дар матлаби “Народное слово” дар бораи сарфи беҳудаи ҳаҷми бузурги об зимни обёрии заминҳои пахтаву шолӣ дар Ӯзбакистон ҳарфе нест. Ӯзбакистон аз ҷиҳати содироти пахта дар ҷаҳон дар мақоми саввум аст ва ҳамасола аз фурӯши он то 1 миллиард доллар фойида ба даст меоварад. Пахта маҳсулоти обталаб аст ва аз ин рӯ дар Ӯзбакистон даҳҳо каналҳои нав ва обанборҳои бузург бунёд карданд. Аммо дар бисёр майдонҳо об ё таҳшин ё бухор мешуд ва ин оқибат майдонҳои бузургро ба шӯразамин табдил кард. Айни ҳол Ӯзбакистон маҷбур аст, ки бо ин мушкили ҷиддӣ дасту панҷа нарм кунад. Аз ин рӯ, меафзояд ҷаноби Стивенсон он иттиҳоми муаллифи матлаб дар “Народное слово” алайҳи мақомоти Тоҷикистон боиси тааҷҷуб аст, ки гӯё баъд аз бунёди сарбанди Роғун намаки оби рӯдхона дар майдонҳои кишт ҷамъ мешавад ва онҳоро ба шӯразор табдил мекунад.

Вакили парлумони Аврупо мутмаин аст, ки баъд аз бунёди нерӯгоҳи Роғун дар рӯдхонаи Вахш интиқоли ҳаҷми об ба кишварҳои поёноб коҳиш нахоҳад ёфт ва ҳамчунин боиси шӯршавии заминҳо нахоҳад шуд. Ба сарбанди Роғун хатари тахриб дар сурати заминларза ҳам таҳдид намекунад, мегӯяд ӯ ва барои тақвияти фикраш аз сарбанди 300-метраи нерӯгоҳи Норак ёдовар мешавад, ки аз заминларзаҳои зиёд осебе надидааст. Ба гуфтаи Струан Стивенсон, айни ҳол обанбори Норак манбаи устувор ва мӯътамади таъмини кишварҳои поёноб бо об боқӣ мемонад. “Нерӯгоҳи Роғун аз он фарқе нахоҳад дошт”, меафзояд ҷаноби Стивенсон. Ба гуфтаи ӯ, “пуршавии обанбори Роғун даҳ солро дарбар хоҳад гирифт аммо тоҷикҳо кафолат медиҳанд, ки ҳамсояҳои худро бо ҳаҷми феълии об аз тариқи рӯдхонаҳои Омӯ ва Сирдарё таъмин хоҳанд кард”.

Баъди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш нерӯгоҳи Роғун ниёзмандии Тоҷикистон бо нерӯи барқро бароварда хоҳад сохт ва ҳамчунин бисёр мавзеъҳои кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистонро нурафшон хоҳад кард. Дар поёни матлабаш дар нашрияи “The European Тimes” Струан Стивенсон аз Ғарб ва, аз ҷумла, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, ки аз тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун ба хотири эътидоли дарозмуддат дар Тоҷикистон пуштибонӣ кунанд. “Алтернативаи ин – фақри дарозмуддат ва ноумедиву машаққати одамон - ба манфиати касе нест”, навиштааст муаллифи матлаби “Чароғи сабз барои Роғун”.

Струан Стивенсон узви Парлумони Аврупо аз Шотландия, раиси гурӯҳи байнипарлумонӣ дар умури тағири иқлим ва муаллифи китоби “Мероси Сталин – ҷанги шӯравӣ бо табиат” аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG