Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси пешини нафту гази Покистон дар Дубай боздошт шуд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, Тауқир Содиқ-раиси пешини газ ва нефти ин кишвар, ки дар фирор ба сар мебурд, дар Дубай боздошт шудааст. Тауқир Содиқ барои шустушӯи 850 миллион доллар дар давраи раёсаташ, яъне аз соли 2009 то соли 2011 дар ширкати нафту гази Покистон гунаҳгор дониста мешавад.

Вай соли гузашта аз Покистон фирор кард. Имкон дорад Содиқ дар рӯзҳои наздик ба Исломобод таслим шавад.

Моҳи гузашта Додгоҳи олии Покистон дастур дод, ки бар зидди Раҷо Парвиз Ашраф -нахуствазири Покистон ва соири мақомоти аршади ин кишвар аз ҳизби ҳокими Ҳизби Мардумии Покистон дар робита бо таъйини Содиқ дар соли 2009 парванда боз шавад.

Раҷо Парвиз Ашраф он вақт вазири обу энержии покистон буд.
XS
SM
MD
LG