Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ноҳияи Қубодиён аз мақом барканор шудааст


Дафтари матуботии Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур бофармоне 30 январ Саъдулло Бекназаровро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён таъин кардааст.

Саъдулло Бекназаров дар ин вазифа Абдулмумин Улфатовро иваз кард. Тибқи як фармони дигари президент Абдулмумин Улфатов ба кори дигар гузаштааст.

Аммо як манбаъи наздик ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки пас аз суханронии раиси ҷумҳур дар маҷлиси васеи Ҳукумат доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва нақшаҳо барои соли 2013-ум масъалаи шикояту арзҳои аҳолии ишвар дар навоҳии вилоят дар бораи хариду фуруши замин ин масъала мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Ба қавли ҳамсуҳбати радиои Озодӣ сабаби аслии барканории раиси ноҳияи Қубодиён тақсими нодурусти замин ва шиоятҳои зиёди сокони ин ноҳия мебошад.
XS
SM
MD
LG