Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дар ҳоле оштиро мепазирам, ки шартҳои даъвогар мантиқӣ бошанд"


Назири Нусрат.

Назири Нусрат.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар оғози баррасии шикояти Рустам Ҳукумов, писари раиси «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз рӯзномаи «Имрӯз Нюс», ба тарафҳо ин ҳаққи онҳоро ёдрас кард, ки метавонанд, қазияро бо мусолаҳа ба поён баранд.

Аммо сардабири «Имрӯз Нюс» ва муаллифи мақола Назири Нусрат гуфт, танҳо дар ҳоле сулҳ хоҳад кард, ки шартҳои ҷониби даъвогар, қобили қабул бошанд.

Шерзод Низомов, додраси парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда чанд рӯзи қабл ба ихтиёри ӯ афтод ва ҳамин ҳоло ҷонибҳоро бо мӯҳтавои он ошно кард: «Ин як парвандаи гражданӣ аст, ки бо даъвои шаҳрванд Рустам Ҳукумов нисбати рӯзномаи «Имрӯз Нюс» ва хабарнигор Назири Нусрат дар бораи барқарор намудани шаъну шараф ва зарари маънавӣ таҳти ба баррасӣ гирифта мешавад. Ҳоло парванда барои муҳокимаи додгоҳӣ омода мешавад.»

Шерзод Низомов, додраси парванда

Шерзод Низомов, додраси парванда

Дар ҳоли ҳозир Рустам Ҳукумов рӯзномаро ба паст задани шаъну шарафи худ айбдор ва барои ин 50 000 сомонӣ товон талаб кардааст. Дар посух Назири Нусрат, ки на танҳо сардабири «Имрӯз Нюс», балки муаллифи мақолаи мавриди баҳс низ аст, мегӯяд, дар навиштаи ӯ шаъни касе паст зада нашудааст. Вай меафзояд, фактҳоеро ба таҳлил кашид, ки дар даҳҳо расонаи ахбори ом нашр шуда, ба ҳамагон маълум будаанд.

Сухан аз мақолаи Назири Нусрат бо номи «Боқиев ва Ҳукумов: писароне, ки «дарди сар»-и падар шуданд» бармеояд, ки 16 октябри соли 2012 дар рӯзномаи «Имрӯз Нюс» чоп шудааст. Дар он зимни боздошти Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон дар Бритониё, ки ба қавли рӯзноманигор, ҳамчун як фишори сиёсӣ алайҳи Бишкек истифода шудааст, гуфта мешавад, ки қазияи Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, сарвари «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз афроди соҳибнуфузи ин кишвар низ чун фишори сиёсӣ алайҳи Душанбе истифода шуда буд.

Рустам Ҳукумов соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ин иттилоъ дастраси расонаҳо набуд ва бино ба матлаби «Имрӯз Нюс», ҳамчун «қартае» дар дасти Маскав пинҳон меистод. Аммо пас аз як сол дар пайи қазияи халабонҳои рус, ба навиштаи рӯзнома, Маскав ин «қарта»-ро боз кард. «Ба бозӣ даровардани ин қарта, қазияи халабонҳоро ба манфиати Маскав ҳал кард» - навишта буд рӯзнома.

Халабонҳои рус моҳи декабри соли 2012 озод шуданд, аммо номи Рустам Ҳукумов пас аз як моҳ - январи соли 2012 дар сархатти расонаҳои Русия қарор гирифт, ки гуфта мешуд, бо қарори додгоҳ озод шудааст ва ҳамзамон писари Амонуллоҳ Ҳукумов, сарвари Роҳи оҳан ва хешованди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мешуд.

Назири Нусрат, хабарнигори "Имрӯз Нюс"

Назири Нусрат, хабарнигори "Имрӯз Нюс"

Ҷониби Рустам Ҳукумов дар бораи шикояти нафари таҳти ҳимояташ то ба ҳол шарҳе надодааст. Кӯшишҳои мо низ дар ин замина бенатиҷа буданд, аммо Назири Нусрат мегӯяд, писари Амонулло Ҳукумов аз додгоҳ тақозо кардааст, ки мурофиаро бидуни ширкати расонаҳо баргузор кунанд, то ба ин минвол аз «иғво» ҷилавгирӣ шавад.

Назири Нусрат мегӯяд: «Аммо мо намегузорем, ки додгоҳ ба таври пӯшида сурат гирад, чун чизе, ки ошкор асту ҷомеа дар борааш медонад, бигзор ошкору рӯйрост бошад. Мо намегӯем, ки пӯшида будани ҷараёни мурофиа ба манфиати мо нахоҳад буд, аммо мо мехоҳем, ки он чӣ ки даъвогар мегӯяд, ба ҷомеа ҳам маълум бошад. Ҷомеа ҳам донад, ки ҷавобгар чизе барои пинҳон кардан надорад.»

«Имрӯз Нюс» ва сармуҳаррираш дар ҳоле вориди баҳси додгоҳӣ мешаванд, ки мурофиаи додгоҳии Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии «Тоҷнюс» бар асоси шикояти кормандони Кумитаи дини Тоҷикистон идома дорад. Ахирӣ ба майдаавбошӣ муттаҳам мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG