Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо ба созмонҳои Тоҷикистон


Маҳбуба Абдуллоева-мушовири Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон оид ба матбуот 30 январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин иттиҳодия сармоягузории 3 тарҳро дар Тоҷикистон оғоз кардааст. Арзиши 3 тарҳ, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи "Сохторҳои ғайридавлатӣ дар рушд" иҷро мешавад, 700 ҳазор евро мебошад.

Ба қавли Маҳбуба Абдуллоева, масъулони ин тарҳҳо бо созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон созишнома ба имзо расониданд. Масалан созмони «Handicap International» як лоиҳаи дусоларо барои пуштибонии молӣ аз чаҳор созмони маъюбон, аз ҷумла «Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон», «Иттиҳоди занҳои имконияташон маҳдуди "Иштирок", «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон» ва «Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон»ро, дар Хоруғ, Хуҷанд ва Душанбе имзо кардааст.

Ҳадафи ин кӯмак фаъолтар кардани иртиботи созмонҳои маъюбон бо сохторҳои маҳаллии давлатӣ ва ғайридавлатӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG