Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ожонси ҳастаӣ аз раддияи Эрон ҳимоят кард


Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ нишонаҳои таркиш дар яке аз таъсисоти ҳастаии Эронро мушоҳида накардааст.

Дар матбуоти Исроил ва дар матбуоти дигар хабаре ба нашр расид, ки дар корхонаи ҳастаии зерзаминии Эрон дар Форду як ҳафта пеш таркише рух додааст ва он хисороти зиёде бар ҷой гузоштааст.

Аммо рӯзи душанбе Эрон ин хабарҳоро рад ва онро таблиғоти Ғарб арзёбӣ кард. Ҷилл Тудор-сухангӯи ожонси ҳастаӣ гуфт, ки чунин раддияҳои Эрон бо мушоҳидаҳои нозирон “созгор" - анд. Амрико низ гуфт, ки ба хабари расонаҳо бовар намекунад.

Корхонаи ҳастаии Форду аз охири соли 2011 ба 20 дарсад ғанӣ сохтани уран оғоз кардааст. Эрон мегӯяд, ки чунин сӯхти ғанишударо барои таҳқиқоти тиббӣ ва барои сӯхт дар реактори ҳастаии Теҳрон истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG