Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони Шӯрообод хостаанд Кӯлобиев барқарор шавад


Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Шӯрообод ба унвонии президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, хостори барқарории Бегмад Кӯлобиев, собиқ сардухтури ноҳия шудаанд.

Ёқуб Юнусов ва Раҳима Абдуразоқова, аз ҷумлаи сокиноне, ки барқарор шудани Кӯлобиевро мехоҳанд, рӯзи 30 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз рӯи адолат Бегмад Кӯлобиев бояд ба вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрообод баргардад.

Бегмад Кулобиев, ки вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шӯроободро ба ӯҳда дошт, ду соли пеш аз ҷониби додситонии ноҳия боздошт шуда, дар нисбаташ бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ғайримақсаднок истифода бурдани амволи давлатӣ, пешниҳоди пора ба додситонии Шӯрообод ва истифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Аммо Додгоҳи Олӣ ӯро пурра бегуноҳ дониста, сафед кард.

Ҳоло ӯ, ба ҳайси пизишки оддӣ дар бемористони Шӯрообод кор мекунад. Сокинони Шӯрообод Кӯлобиевро аз камтарин ҷарроҳони касбӣ медонанд, ки дар шароити ноҳияи кӯҳистонӣ кор мекунад.

«Сафед» шудани ин пизишк аз ҷониби Додгоҳи олӣ дар ҳолест, ки Ғиёсиддин Умаров, додситони Шӯрообод, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, худ барои гирифтани ришва аз як гумонбаршудаи қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми 3 ҳазор долари амрикоӣ боздошт шудааст.

Инчунин, Ғазалшоҳ Мазориев, як муфаттиши Додситонии минтақаи Кӯлоб, бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 300 доллари амрикоӣ аз худи Кӯлобиев «барои мусоидат дар сафед шуданаш», боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG