Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони озмун барои ҷоизаи Лоҳутӣ


Кумитаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ озмуни дарёфти ин ҷоиза барои соли 2012-ро эълон кард. Пулод Нуров, котиби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ ба «Озодӣ» гуфт, ки дар чаҳорчӯби озмун, беҳтарин мақола ва навиштае, ки дар саҳифаи матбуот нашр шуда ва ё дар эфири радиои пахш гаштааст, пешниҳод карда мешавад. Озмун дар чаҳор бахш, барои «беҳтарин мақола дар васоити ахбори умум», «Беҳтарин маводи телевизионӣ», «Беҳтарин гуфтори радиоӣ» ва барои «беҳтарин мақолаи таҳқиқоти журналистӣ», гузаронида мешавад. Дар ин озмун танҳо журналистони узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикисон ҳаққи ширкат доранд. Матолибе, ки барои озмун пешинҳод карда мешавад бояд дар 7 нусха пешкаш шавад ва мақолае, ки қаблан барои озмун пешкаш карда шудааст, дигар қабул карда намешавад. Пулод Нуров гуфт, муҳлати қабули мавод барои озмун то 1-уми марти соли 2013 идома хоҳад кард ва натиҷаи он рӯзи 11 март - дар рӯзи матбуоти Тоҷикистон эълон дошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG