Пайвандҳои дастрасӣ

«Барқи тоҷик» мехоҳад қарзи «Сангтӯда-1» реструктуризатсия шавад


Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе.

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе.

Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тавони пардохти қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда 1» - ро надорад ва пешниҳод мекунад, ки ин қарз таҷдид ё реструктуризатсия шавад.

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик», рӯзи 29 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе, ҳаҷми қарзашонро дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда 1» 320, 7 миллион сомонӣ гуфта, пешниҳод кард, ки он реструктуризатсия шавад. Ёров гуфт, онҳо лағви қарзро талаб накардаанд, балки мехоҳанд муҳлати бозгардондани он дарозтар шавад.

Раванди реструктуризатсия, дар ҳолатҳое татбиқ мешавад, ки қарздор тавони бозпас додани маблағро надорад ва бинобар ин, муҳлати бозгардондани маблағҳо дароз мешавад, қисман лағв мегардад ё қисме аз моликияти қарздор ба ихтиёри қарздеҳ мегузарад.

Дар назар аст, ки ин масъала моҳи феврал, зимни ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, бо иштироки муовини аввали сарвазири Русия, Игор Шувалов баррасӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол раиси "Барқи тоҷик" иддаои маъулини "Сангтӯда - 1" - ро, ки мегӯянд, ҳамасола маблағҳои калонро талаф медиҳанд, асоснок хонд. Ӯ тавоноии нерӯгоҳи «Сангтуда -1» - ро, ки 25 дарсади саҳмияҳояш ба Тоҷикистон ва боқимонда ба Русия тааллуқ доранд, 2.9 миллиард килловат/соат дар як сол гуфта, таъкид намуд, ки аз ин ба мавсими сармо ҳамагӣ 900 миллион килловат/соат рост меояд.

Ба гуфтаи Ёров, дар мавсими гармо «Сангтӯда-1» ҳам, ба далели он, ки хати интиқоли барқ ба хориҷ мавҷуд набуд, маблағҳои ҳангуфт талаф медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки соли гузашт аз обанборҳои Тоҷикистон обе, ки тавони тавлиди 6.5 миллиард килловат соат нерӯи барқро дошт, бефоида раҳо шуд. Дар сурати интиқоли ин барқ ба хориҷа, Тоҷикистон метавонист беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ ба даст биорад.

Ин дар ҳолест, ки «Барқи тоҷик» дар назди будҷа ҳам қарздори рақами як ба ҳисоб меравад. Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, имсол низ ширкати "Барқи тоҷик"-ро аз ҷумлаи "қарздорони бузург" ном бурда изҳор дошт, ки то ҳол ба будҷа 256 миллион сомонӣ пардохт накардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати "Барқи тоҷик" барои пардохти қарзҳояш аз андоз то моҳи декабри соли 2014 муҳлат додааст. Як манбаъ аз ширкати "Барқи тоҷик" бо тасдиқи ин хабар гуфта буд, қарори ҳукумат дар доираи таҷдиди сохтори ширкат содир шудааст ва ширкат пеш аз тақсимбандӣ бояд қарзҳояшро пурра пардохт намояд. Раванди таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик» дар назар аст, то соли 2018 пурра ба анҷом расад ва дар натиҷа бе се ширкати мустақил тақсим хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG