Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тарафдори ислоҳоти қонуни муҳоҷират аст


Барак Обама
Барак Обама
Рӯзи сешанбе дар шаҳри амрикоии Лас Вегас президенти ИМА Барак Обама дар як ҷамъомади мардумӣ аз ислоҳоти низоми муҳоҷират ба ин кишвар пуштибонӣ кард. Рӯзи душанбе як гурӯҳи сенаторони демократ санадеро пешниҳод кард, ки бар пояи он 11 миллион муҳоҷири ғайриқонунии муқими ИМА имкон меёбанд, шаҳрвандии ИМА касб кунанд. Қасри Сафед мегӯяд, ҳамчунон президент Обама ба таҳкими назорати марзҳо ва ислоҳоти низоми қонунии хадамоти муҳоҷират даъват хоҳад кард. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри гузашта ҷамоаи амрикоиҳои испанизабон, ки тарафдори ислоҳоти низоми муҳоҷирати ИМА мебошанд, аз номзадии Обама пуштибонӣ кардаанд. Ислоҳоти низоми муҳоҷират дар Сенат аз пуштибонии васеъ баҳраман даст, вале дар Маҷлиси намоядагони Конгресс дастгирӣ аз ин ислоҳот заифтар аст.
XS
SM
MD
LG