Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Япония мехоҳад бо раҳбари Чин вохӯрад


 Шинзо Абе

Шинзо Абе

Сарвазири Япония( Ҷопон) Шинзо Абе мегӯяд, мулоқот бо раҳбари Чин метавонад равобити миёни ду кишварро, ки моҳҳои ахир сард шудааст, беҳбуд бахшад. Баҳс рӯи якчанд ҷазира дар Баҳри Шарқии Чин, ки муддатҳост идома дорад, моҳи сентябри соли гузашта аз нав аланга гирифт. Он замон ҳукумати Япония се ҷазираро аз соҳибаш харида, моли давлат эълон кард. Рӯзи сешанбе аснои сӯҳбати телевизионӣ Абе гуфт, аз сабаби ҷой доштани мушкилӣ мулоқоти раҳбарони ду кишвар зарур аст. Ҳафтаи гузашта раҳбари ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпинг ба фиристодаи Токио гуфт, ки ӯ ҷонибдори рушди рпавобити миёни ду кишвар буда, имкони баргузории мулоқот бо раҳбари Японияро арзёбӣ мекунад. Аммо рӯзи сешанбе дар мулоқоти раҳбарони ҳизби коммунисти Чин Ҷинпинг гуфт, ки Чин ҳеҷ гоҳ бо дар масъалаҳои марбут бо истиқлол гузашт нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG