Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чор ҷасади сӯхтор дар Маскав ташхис шудааст


Дафтари матбуотии идораи умури дохилии Маскав ба хабаргузории Итар тасс иттилоъ додааст, ки аз миёни нуҳ қурбонии сӯхтор дар бинои бисёртабақаи шаҳри Маскав чор ҷасад ташхис шудааст.
Ба қавли дафтари матбуоти идораи умури дохилии пойтахти Русия бар асари сӯхтор дар кӯчаи Херсони Маскав нуҳ нафар ҳалок шудаанд ва аз ин байн чор ҷасад ташхис шудааст, ки яке шаҳрванди Узбакистон ва се нафари дигар шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Муфаттишон бо иҷозати табибон як шаҳрванди Узбакистон ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ин сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, бозпурсӣ намуданд. Таҳқиқи қазия идома дорад.
Сӯхтор дар бинои 24 табақаи кӯчаи Херсони Маскав рӯзи шанбе ба амал омада, 500 метри мукаабро дар бар гирифт. Бар асари сӯхтор нуф нафар ҳалок шуда, шаш каси дигар захм бардоштанд. Сӯхтор дар ошёнаи поёни бино-макони таваққуфи мошинҳо оғоз ёфтааст
XS
SM
MD
LG