Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қонуни нави интихоби президенти Эрон тасвиб шуд


Ҷаласаи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон

Ҷаласаи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон

Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон қонуни наверо тасдиқ кард, ки бар асоси он вазорати корҳои дохилӣ аз масъулияти ташкили интихоботи президентӣ озод мешавад. Сухангӯи Шӯрои нигаҳбон мегӯяд, акнун ташкили интихобот бар ӯҳдаи Шӯрои иҷроияи интихобот вогузор мешавад, ки аз намояндагони се шохаи қудрат ва ҳафт симои миллӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсис хоҳад ёфт. Шӯро исрор варзидааст, ки пешниҳодҳои тақозои шадидтар аз довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ аз пешнависи қонун ихроҷ карда шаванд. Бар асоси ин конун, ки моҳи декабр аз тарафи парламент тасвиб шудааст, барои тасдиқи номзади курсии президентӣ пуштибонии 100 вакили мардумӣ ва ё 25 узви Маҷлиси Хибрагон-ниҳоди нозири фаъолиятҳои валии фақиҳ(раҳбари рӯҳонии Эрон), кифоят мекунад. Интихоботи навбатии президенти Эрон моҳи июни соли равон барпо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG