Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро бойкот кард


Толори Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева

Толори Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева

Дипломатҳои исроилӣ дар маросими арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ки рӯзи сешанбе дар Женева дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баргузор гашт, иштирок накарданд. Ин амал баъд аз таваққуфи ҳамкории Исроил бо Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба вуқӯъ пайвастааст. Исроил аввалин давлатест, ки ширкат дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башарро бойкот мекунад. Соли гузашта баъди тасвиби якчанд қатънома дар иртибот бо низоъ дар минтақаи Ғазза, маҳалҳои яҳудинишин ва вазъи ҳуқуқи башар дар минтақаи Ғаззаву соҳили ғарбии рӯди Урдун Исроил ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳуқуқи башарро мутаваққиф карда буд. Рӯзи сешанбе ИМА аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дархост намуд, коре накунад, ки вазъи мавҷударо ташаннуҷи бештар бахшад. Ҳар узви СММ бояд як дафъа дар чор сол дар бораи вазъи ҳуқуқи башар гузориш диҳанд.
XS
SM
MD
LG