Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико аз номзадии сенатор Ҷон Керрӣ ба мақоми вазири хориҷа ҳимоят кард. Ӯ дар даври дувуми раёсатҷумҳурии Барак Обама ҷойгузини Ҳилларӣ Клинтон хоҳад шуд. Қарор аст, райъгирии номзадии Керрӣ аз сӯи тамоми вакилони Сенат шоми имрӯз доир шавад. Ҷон Керрӣ, ки 5 давра сенатор интихоб шуда, дар соли 2004 номзад ба мақоми президенти Амрико ҳам буд, аз пуштибонии демократҳои аршад ва ҳам ҷумҳурихоҳон дар Сенат бархӯрдор аст. Ӯ тайи 28 сол дар Кумитаи равобити хориҷии Сенат фаъолият кардааст. Обама ҳамин тавр, сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ Чак Ҳейгелро ба мақоми вазири дифоъ ва мушовираш Ҷон Бреннанро ба симати раиси идораи марказии ҷосусии Амрико пешбарӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG